Дар Бадахшон масъалаи фаъолгардонии қитъаи Минтақаи озоди иқтисодии Ишкошим баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 02.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба фаъолгардонии қитъаи Минтақаи озоди иқтисодии Ишкошим дар маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ ва вусъати корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ миёни Раиси вилоят Алишер Мирзонабот ва Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода табодули афкор сурат гирифт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ.
Раиси вилоят иброз дошт, ки бо дастгирии Сарвари давлат ҳоло ВМКБ ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, корҳои созандагиву бунёдӣ авҷи тоза пайдо намудаанд.
Ҳамзамон Завқӣ Завқизода бобати бунёди иншооти азими саноатӣ дар вилоят, аз ҷумла сохтмони НБО-и «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъа, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла ВМКБ ва ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ дар вилоят ибрози андеша намуд.
Тарафҳо роҷеъ ба тавсеаи ҳамкории минбаъда дар самти таҳкими заминаҳои иқтисодии вилоят изҳори умед намуданд.
Акс: МИҲД-и ВМКБ








Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBUILD-2026» ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи саноат густариш медиҳанд
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони ЮНИСЕФ ва БИР дар доираи Саммити ҷаҳонии зеҳни сунъӣ ва рақамӣ мулоқот намуд
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон созишномаҳои грантӣ ба имзо расонид
КОДЕКСИ ЭКОЛОГӢ. Ин санад бо мақсади истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист қабул гардид
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии лимӯ идома дорад
Ҳиссаи Хатлон дар ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон беш аз 53 фоизро ташкил медиҳад






