Дар Олимпиадаи умумиҷаҳонии шоҳмот узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон Надежда Антонова меъёри Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ байни занон (WIM)-ро иҷро намуд

Август 20, 2022 13:58

ДУШАНБЕ, 20.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот узви дастаи занонаи Тоҷикистон Надежда Антонова бо гирифтани  холҳои  мувофиқ меъёри Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ байни занон (WIM)- ро иҷро кард.

Тавре қаблан иттилоъ додем,  Олимпиадаи 44-уми умумиҷаҳонии шоҳмот  29 июл дар шаҳри Ченнайи Ҳиндустон оғоз гардида, 9 август ба анҷом расид. Дар он 3 нафар шоҳмотбозони Тоҷикистон унвони устоди ФИДЕ (FM)-ро ба даст оварданд.  Аз ҷумла, узви дастаи занонаи Тоҷикистон Надежда Антонова аз 10 холи имконпазир 8 хол  ба даст оварда, меъёри Устоди  варзиши дараҷаи байналмилалӣ байни занон (WIM)-ро  иҷро кард.

Надежда Антонова 12 ноябри соли 1988 дар Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ чемпиони чандинкаратаи Тоҷикистон миёни духтарон ва занон, иштирокчии ҳашт Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот мебошад. Аз соли 2010 инҷониб устоди ФИДЕ аст.

Соли 2011 факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистонро (ДСРТ) бо ихтисоси «муаллими забони англисӣ» бо дипломи аъло хатм намуда, дар кафедраи филологияи англисии ДСРТ ба ҳайси омӯзгори забони англисӣ кор мекунад.

Феълан дар шуъбаи шоҳмоти Донишгоҳи давлатии тарбияи ҷисмонӣ, варзиш, ҷавонон ва сайёҳии Русия таҳсил мекунад.

Надежда дар оилаи шоҳмотбоз ба дунё омадааст. Падари ӯ Павел Антонов солҳои зиёд дар мактаби шоҳмот мураббӣ шуда, кор мекард ва модараш Лидия Антонова низ шоҳмотбози  маъруфи Тоҷикистон мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 20, 2022 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад