Дар шаҳри Хуҷанд барои дарёфти Стипендияи Президенти Тоҷикистон озмун доир гардид
ДУШАНБЕ, 05.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. 3 август дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маросими оғози озмун барои дарёфти Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Хуҷанд барои соли хониши 2022-2023 баргузор гардид.
Дар озмун барои дарёфти Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дониши муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Хуҷанд, ки барои соли хониши 2022-2023 тариқи Маркази тестӣ аз рӯи панҷ фан- география, таърих ва ҳуқуқ, математика, забони русӣ ва англисӣ имтиҳон супоридаанд, аз ҷониби ҳакамони озмун санҷида мешавад.
Дар маросими оғози озмун муовини Cардори раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилошӯб Розиқзода, Директори КВД «Соҳибкорони ҷавон» Самиаллоҳ Шерализода, сармутахассиси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Бахтиёр Каримов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Абдувосит Ғафуров иштирок намуданд.
Зикр шуд, ки дастгирии ҷавонон ва ғамхорӣ нисбат ба онҳо дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати кишвар ҷойгоҳи муҳим касб карда, Ҳукумати Тоҷикистон пайваста ба татбиқи сиёсати ҷавонон аҳамияти хосса зоҳир менамояд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки ҳар як мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонон бо пешниҳоди як падидаи ҷолиб ва ташаббуси наҷиб ба анҷом мерасад. Аз ҷумла, таъсис ва роҳандозӣ гардидани стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна, миёнаи касбӣ ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ иқдоми наҷиби Роҳбари мамлакат мебошад.
Ҷавонони ватандӯсти диёр чун ворисони арзандаи ниёгони шарафманди хеш баҳри пешрафту шукуфоии Тоҷикистон садоқатмандона хидмат намуда, бо ташаббусҳои наҷиб, талошҳои пайгирона, дастовардҳои фикриву эҷодӣ ва варзишӣ ҳамчун намояндаи ҳақиқии насли нави фардосози тоҷик барои афзоишу таҳкими нуфуз ва эътибори Ватани хеш саҳми муносиб мегузоранд.
Ёдовар мешавем, ки Стипендияи Президенти Тоҷикистон барои хонандагони болаёқат соли 1998 таъсис ёфта, маблағи он дар ибтидо 240 сомониро ташкил медод ва дар ҷумҳурӣ 300 нафарро дар бар мегирифт. Шумораи гирандагони Стипендияи Президенти Тоҷикистон дар соли хониши 2021-2022 ба 3000 нафар расида, маблағи он дар як моҳ 600 сомониро ташкил медиҳад.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид
Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд






