Дар Тошканд Форуми иқтисодии кишварҳои узви СҲШ ҷараён дорад

Август 17, 2022 12:14

ДУШАНБЕ, 17.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Форуми дуюми иқтисодии кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) 16-17 август дар Тошканд баргузор мегардад, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар. Дар форум ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯрбой Солеҳзода иштирок дорад.

Дар маросими ифтитоҳи форум муовини Сарвазир- вазири сармоя ва тиҷорати берунаи Узбекистон Ҷамшед Хоҷаев ва муовини котиби генералии СҲШ Ерик Ашимов сухан гуфтанд. Дар Форуми иқтисодии кишварҳои СҲШ роҳбарони ниҳодҳои давлатӣ, вазоратҳои марбутаи масъули фаъолияти иқтисодии хориҷӣ иштирок доранд. Дар доираи форум ярмаркаи навовариҳои саноатии кишварҳои узви СҲШ ташкил мегардад.

Форуми иқтисодии СҲШ на танҳо барои роҳандозии муколамаи байниҳукуматӣ, балки барои ҳамкории намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, инчунин ҷалби сармоягузорон ба минтақаҳои фазои созмон платформаи муассир мегардад.

Дар рӯзномаи форум баргузории ҷаласаи пленарӣ, ҷаласаҳои панелӣ, вохӯриҳои дуҷониба барои нишон додани иқтидори иқтисоди рақамӣ, технологияҳои сабз, ҳамкорӣ миёни минтақаҳо, рушди ҳамкории сармоягузорӣ, кооператсияи саноатӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки шарикӣ пешбинӣ шудааст.

«Ҳадафи асосии Форуми иқтисодӣ- ҷалби таваҷҷуҳи тарафҳо ба мушкилот ва дурнамои рушди ҳамкории мутақобилан судманди тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, таҳияи тадбирҳои муассир ҷиҳати эҳёи робитаҳо дар фазои СҲШ мебошад», иттилоъ доданд дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Форуми иқтисодии СҲШ дар чаҳорчӯби раёсати Узбекистон дар СҲШ бо ташаббуси Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев доир мегардад.

Ёдовар мешавем, ки нишасти сарони кишварҳои СҲШ 15-16 сентябр дар Самарқанд баргузор мешавад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: yuz.uz

Август 17, 2022 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд