ДАРГУЗАШТИ ШОИРИ ШАҲИР ҲУШАНГ СОЯ. Абдулҳамид Самад ӯро аз намояндагони насли шоирони номвари дунёи форсизабон хонд

Август 10, 2022 13:54

ДУШАНБЕ, 10.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Қалби яке аз шоирони бузурги Эрон ва гӯяндагони забардасти шеъри форсӣ Амир Ҳушанги Ибтиҳоҷ аз тапиш монд. У дар сини 94-солагӣ оламро тарк намуд. Нависандаи халқии Тоҷикистон дар саҳифаи худ дар шабакаи Фейсбук чунин навишта гузошт: «Устод Соя аз насли адибони номвари олами форс буд. Ёдаш гиромӣ бод!..».

Ҳушанг Ибтиҳоҷ соли 1928 дар шаҳристони Рашт (дар шимоли Эрон) чашм ба ҷаҳон кушод ва пас аз он, ки таҳсилоти худро дар он шаҳр ба поён расонид, ҳамроҳи хонаводааш ба Теҳрон меравад. Ӯ бо тахаллуси Соя ба эҷод пардохта буд ва ашъори ӯ дар маҷмӯаҳои «Нахустин нағмаҳо», «Сароб», «Сиёҳмашқ», «Шабгир», «Замин», «Чанд барг аз ялдо», «Сиёҳмашқи 1, 2, 3», «Ойина дар ойина», «Ёдгори сарви хун», «Девони ашъор» гирд оварда шуда, аз беҳтарин намунаҳои барҷастаи шеъри муосири форсист.

Ӯ гуфта буд: «Замоне буд, ки ман ҳанӯз душману дӯсти худро нашинохта будам, ҳанӯз ошиқи бузургамро наёфта будам, бо дигарон месӯхтам, аммо шеъри ман сароб буд ва дар поёни он рӯзгор навиштам: ба ҳангоме ки хурӯши хашму фарёди дард дар пардаи дили ту меовезад, ман барои дилам, барои ишқи беморам овоз хондаам, ҳангоме, ки чеҳраҳои зарду шикастаи ҳаммеҳанони ман бо ашку хун оғӯшта мешавад, ман барои гулҳои ёс, барои шабҳои маҳтобӣ, барои хобҳо ва руъёҳои худ шеър сурудаам. Шеъри ман ҳамчун нолаи шаб овози андуҳу парешонӣ ва шикаст шудааст ва ман дигар намехоҳам, ки чунин бошад. Ман овози хешро дар ин дили танг сар хоҳам дод ва ин орзуро, ки саргузашти ранҷу разми пуршукуҳи инсонҳост, аз миёни ҳисорҳои вайрони шаби хунолуд ба гӯши дуртарин ситораи бедори осмон хоҳам расонд ва чунин кардам».

Ӯ дар қатори ғазалсароёни бузурги муосири Эрон амсоли Шаҳриёр, Имоди Хуросонӣ ва Симини Беҳбаҳонӣ қарор мегирад, ки бо навоварии худ дар байни форсизабонони олам мақоми хосаеро пайдо намудаанд.


Дар Тоҷикистон низ Ҳушанг Соя хонандагони зиёд дорад. Ҳаёт ва эҷодиёти ӯро адабиётшинос Файзалӣ Наҷмонов таҳқиқ ва китобҳо нашр кардааст. Соли 2021 нашриёти «Адиб» Девони ашъори Ҳушанг Сояро ба табъ расонид. Мураттиби ин китоб шоир ва муҳаққиқи тоҷик Исмоил Зарифӣ дар он ҳамаи ашъори чопшуда, қисматҳое аз маснавии «Бонги най» ва як қатор ашъори тозаи шоирро ҷой додаfст.

Ин тарона бар ғазали шоир «Лаби хомӯш», ки устодон Зафар Нозим ва Аҳмад Зоҳир хеле зебо сурудаанд, дар миёни мардум ҳаводорони зиёд дорад:

Имшаб ба қиссаи дили ман гӯш мекунӣ,
Фардо маро чу қисса фаромӯш мекунӣ.

Ин дур ҳамеша дар садафи рӯзгор нест,
Мегӯямат, вале ту куҷо гӯш мекунӣ.

Дастам намерасад, ки дар оғӯш гирамат,
Эй моҳ, бо ки даст дар оғӯш мекунӣ?

Дар соғари ту чист, ки бо ҷуръаи нахуст,
Ҳушёру мастро ҳама мадҳуш мекунӣ.

Май ҷӯш мезанад ба дили хум, биё бубин,
Ёде агар зи хуни Сиёвуш мекунӣ.

Гар гӯш мекунӣ сухане хуш бигӯямат,
Беҳтар зи гавҳаре, ки ту дар гӯш мекунӣ.

Ҷоми ҷаҳон зи хуни дили ошиқон пур аст,
Ҳурмат нигоҳ дор агараш нӯш мекунӣ.

Соя, чу шамъ шўъла дарафкандаӣ ба ҷамъ,
З-ин достон, ки бо лаби хомӯш мекунӣ.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

P.S. Даргузашти шоири фарзонаву шинохта Ҳушанг Ибтиҳоҷ Сояро ба кулли алоқамандони ашъори нобаш таслият мегӯем

Август 10, 2022 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад