Дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Ҷопон дар Тошканд рақобат карданд
ДУШАНБЕ, 24.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии якуми мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи собиқ президенти Ассотсиатсияи футболи Узбекистон Мираброр Усмонов аз дастаи мунтахаби наврасони Ҷопон мағлуб гардид. Дар ин бора ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Бозӣ шоми дирӯз дар майдони Академияи «Бунёдкор»-и шаҳри Тошканд баргузор шуда, бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Ҷопон анҷом ёфт. Голҳоро аз ҳайати ғолибон Шунго Сугиура ва Шота Кофие ба нишон расониданд.
Дар бозии дигари даври аввали мусобиқа ба поси хотири Мираброр Усмонов дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-солаи Узбекистон ва Эрон бозияшонро бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом доданд.
Ёдовар мешавем, ки 25 август дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Эрон бозӣ мекунад. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Қибрай», соати 16:00 оғоз мегардад.
Мусобиқаи гиромидошти хотираи Мираброр Усмонов миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-сола
Даври 1
Тоҷикистон (U-16) – Ҷопон (U-16) – 0:2
Голҳо: Шунго Сугиура, 59 (0:1). Шота Кофие, 88 (0:2).
23 август. Тошканд. Майдони Академияи «Бунёдкор».
Узбекистон (U-16) – Эрон (U-16) – 1:1
Тақвими бозиҳои боқимонда:
Даври 2
25 август (панҷшанбе)
16:00 – Эрон (U-16) – Тоҷикистон (U-16). Варзишгоҳи «Қибрай»
17:00 – Ҷопон (U-16) – Узбекистон (U-16). Варзишгоҳи «Пахтакор»
Даври 3
27 август (шанбе)
15:30 – Ҷопон (U-16) – Эрон (U-16). Варзишгоҳи «Ҷар»
17:00 – Узбекистон (U-16) – Тоҷикистон (U-16).
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






