Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар Олимпиадаи шоҳмот бар Барбадос пирӯз шуд
ДУШАНБЕ, 02.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар шаҳри Ченнайи Ҳиндустон пирӯзии дуюми худро ба даст овард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи шоҳмоти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Шоҳмотбозони тоҷик дар ҳайати Надежда Антонова, Сабрина Абророва, Рухшона Саидова ва Мутриба Ҳотамӣ бар дастаи Барбадос бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуданд.
Ҳоло дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон аз 4 холи имконпазир 2 хол дорад.
Шоҳмотбозони тоҷик як рӯз пеш бар дастаи Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 4:0 пирӯзии аввалини худро ба даст оварданд.
Рақиби навбатии дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон Ирландия хоҳад буд.
Дастаи мунтахаби мардонаи Тоҷикистон пас аз ду пирӯзии аввал ду маротиба пайи ҳам аз Белгия ва Словакия шикаст хӯрд.
Дастаи мунтахаби мардонаи Тоҷикистон аз 4 холи имконпазир 2 хол дорад ва рақиби навбатии он Суринам хоҳад буд.
Дар Олимпиадаи шоҳмот дар Ҳиндустон муддаии асосии мусобиқа ИМА, ки ба ҳайати он шоҳмотбозони даҳгонаи беҳтарини ҷаҳон шомил мебошанд, бо душворӣ бо дастаи мунтахаби Узбекистон, ки даври чорумро дар ҷойи 9-ум ба охир расонд, мусовӣ кард.
Ёдовар мешавем, ки 28 июл дар Ченнай (Ҳиндустон) Олимпиадаи 44-уми шоҳмот, ки онро «мусобиқаи миллатҳо» низ меноманд, оғоз шуд. Дар пасманзари рӯйдодҳои сиёсӣ дастаҳои Русия ва Беларус ба ин мусобиқа роҳ наёфтанд ва дастаҳои Чин ба далели маҳдудияти коронавирус дар кишвар ба Ҳиндустон нарафтанд. Дастаи Покистон Олимпиадаро тамоман бойкот эълон кард.
Мусобиқа, ки дар он намояндагони 186 кишвари ҷаҳон ширкат мекунанд, то 10 август идома хоҳад кард.
АКС: Федератсияи шоҳмоти ҶТ
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад






