ДЗЮДО. Ҳашт нафар паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми кушоди Осиё дар Қазоқистон ширкат меварзанд
ДУШАНБЕ, 12.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 13-14 август дар шаҳри Актауи Қазоқистон Ҷоми кушоди Осиё оид ба гӯштини дзюдо (Aktau Asian Open 2022) ба поси хотири Турар Жолдибаев баргузор мешавад. Дар мусобиқаи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистонро 8 нафар варзишгар муаррифӣ мекунанд, хабар додааст шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон.
Рақобатҳо аз рӯи 14 вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни бонувон ) миёни 197 варзишгар аз 6 кишвари Осиё доир мешаванд. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа чунин аст: Акбаралӣ Кенҷаев, Аҳмадҷон Аюбов ва Абубакр Шеров- ҳарсе дар вазни то 66кг, Наврӯз Каримзод бо Маҳмудҷон Раҳимов дар вазни то 73кг, Ҳайдар Саидкабирзода дар вазни то 81кг, Кароматулло Ҳакимов дар вазни то 90кг ва Амирҷони Насимҷон дар вазни то 100кг.
Барномаи баргузории мусобиқа:
12 август | ҷумъа
Қуръакашӣ
Оғоз: 14:00
Рӯзи 1 | 13 август | Шанбе
Оғоз: 10:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 16:30
Занон: -48кг, -52кг, -57кг, -63кг;
Мардон: -60кг, -66кг, -73кг;
Рӯзи 2 | 14 август | якшанбе
Оғоз: 10:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 17:00
Занон: -70кг, -78кг, +78кг;
Мардон: -81кг, -90кг, -100кг, +100 кг;
Хотиррасон менамоем, ки барои мақоми аввал — 100 имтиёз, дуюм – 70 ва сеюм — 50 имтиёз дода мешавад.
АКС: Федератсияи дзюдои Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






