«Эҳёи ҳофизаи таърих. Аз ҷонбозиҳои устод Айниву аллома Ғафуров то шоҳкориҳои Пешвои миллат», — шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 11.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияҳои даврии Тоҷикистон ҳафтаи сипаригардида оид ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат хабару гузориш ва мақолаҳои сершумор ба нашр расониданд, ки шарҳи мухтасари онҳоро пешкаши хонандагони сомона мегардонем.
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ҷумҳурият» дар шумораи №154 (24 513), чоршанбе, 10 августи соли равон доир ба идомаи сафари кории Пешвои миллат дар вилояти Суғд хабар дода, зери сарлавҳаҳои «Тоҷикистон ва Русия. Аз рушди муносибат то таҳкими муборизаи муштарак бо терроризм», «Пешвои миллат. Варзиш ва нуфузи байналмилалии Тоҷикистон», «Хатлон. Сарраёсати молия дастоварҳои чашмрас дорад», «IRS. Нигоҳбонии роҳи Душанбе- Чаноқ, пеш аз ҳама, масъулият аст!», «Дар қалбҳои мо», «Эҳёи ҳофизаи таърих. Аз ҷонбозиҳои устод Айниву аллома Ғафуров то шоҳкориҳои Пешвои миллат», «Бадахшон. Ташрифи 911 сайёҳи хориҷӣ дар шаш моҳ» маводи таҳлилӣ ва зери рубрикаи «Тоҷикистон» хабару гузоришҳоро аз ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат нашр намудааст.
Дар маводи «Эҳёи ҳофизаи таърих. Аз ҷонбозиҳои устод Айниву аллома Ғафуров то шоҳкориҳои Пешвои миллат» муаллиф Маҳмуд Мирзоён чунин нигоштааст: «…Хушбахтона, солҳои 20-уми қарни гузашта, ки барои миллати тоҷик сарнавиштсоз ба ҳисоб мерафт, Садриддин Айнӣ бо навиштани китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) хидмати мондагоре барои миллат анҷом доданд. Дар он шароити ниҳоят мураккаб, ки тақдири таърихии халқи тоҷик ҳал мегардид, анҷом додани чунин амали муваффақона ва қаҳрамонона аз ҷониби устод Айнӣ рисолати бузурги таърихӣ ва мӯҳри хомӯшӣ задан бар забони бадхоҳон буд. Ба қавли Бозор Собир, халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд.
Дар идомаи хидматҳои бедареғу мондагори устод Айнӣ шоҳкории аллома Бобоҷон Ғафуров рӯҳияи миллии тоҷиконро эҳё ва тақвият бахшид. Ба қавли муқарризи аввалини китоби «Тоҷикон» академик Акбар Турсон, «Бобоҷон Ғафуров бо навиштани китоби «Тоҷикон» моро ба мо аз ҷиҳати сиёсӣ, иқтисодӣ ва таърихӣ шинос карданд ва шиносномаи миллатро нависонданд…». Хонанда имкон дорад, ки шакли пурраи ин маводро аз ин шумора мутолиа намояд.
Аз шумораи №153 (24 512) «Ҷумҳурият», сешанбе, 9 августи соли равон хонандагон метавонанд дар баробари хабару гузоришҳо аз ҷраёни ташрифи Пешвои миллат ба вилояти Суғд, инчунин вобаста ба истифодаи самараноки замин аз маводи «Кишоварзӣ. Агар аз ҳар ваҷаб замин самаранок истифода барем…» маълумот пайдо намоянд. Ҳамчунин аз матлаби Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло зери сарлавҳаи «Нон дорӣ, ном дорӣ» доир ба вожаи нон ва арзишмандтарин неъмат будани он метавон маълумот пайдо намуд.
Дар ин шумора зери сарлавҳаҳои «Ҷомеа. Фирефтаи наҳзатиёни ифротӣ набошем!», «Дар саргаҳи фарҳангшиносии тоҷик», «Истилоҳсозӣ. Воситаи муҳими афзунгардонии захираи вожагони тоҷикибунёд» доир ба мавзӯъҳои муҳими рӯз матолиби хонданӣ пешниҳоди хонандагон гардидаанд.
Нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» рӯзи душанбе, 9 август, №98 (4518) таҳти унвонҳои «Баракати зиндагӣ аз танзими расму оин аст», «Чароғистони бузурги миллат ва сари баланд рӯи сурхи ҳар як фарди ватан», «Ҳамбастагӣ омили пойдориву пешрафт аст» матолиб, доир ба сафари кории Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ба вилояти Суғду Хатлон хабарҳо ва инчунин аз ҷараёни нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои мамлакат гузоришҳоро ба нашр расонидааст.
«Яке аз унсурҳои ҷомеаи қонунмеҳвару ҳуқуқбунёд таҳияву қабули қонунҳо ба ҳисоб рафта, татбиқи онҳо ҳаёти ҷомеаро ба низом медарорад. Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон садҳо қонуни наву мукаммал таҳия ва қабул гардиданд, ки ба зиндагии босаодати сокинон нигаронида шуданд. Дар баробари ин, ба чандин қонунҳои дигари амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки пас аз ҷонибдорӣ ёфтанашон аз тарафи аъзои Маҷлиси миллӣ ба онҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имзо гузошта, мавриди амал қарор гирифтанд. Ҳамаи ин ба хотири беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, ҳифзи арзишҳои миллӣ, фаъолияти бонизоми ташкилоту идораҳо, рушди ҷомеа ва волоияти қонун дар мамлакат амалӣ карда шуданд»- чунин оғоз шудааст маводи Сармуҳаррири ин нашрия Хуҷаназари Аминиён зери сарлавҳаи «Баракати зиндагӣ аз танзими расму оин аст». Давоми матлабро метавонед аз ин шумораи рӯзнома мутолиа намоед.
«Народная газета»— нашрияи расмии русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи №33 (20366), 10 августи соли равон дар баробари дигар нашрияҳо хабару гузоришҳоро аз ҷараёни сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва хабару гузоришҳоро аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат инъикос намудааст.
Ҳамчунин дар ин шумора маводи «Камол Насрулло: «Отказаться от национальной одежды- значит отказаться от национальной культуры» аз сомонаи АМИТ «Ховар» бознашр шудааст. Инчунин зери сарлавҳаҳои «Таджикистан-край целебных вод», «О фронтовике, наставнике, учителе..», «Искусный врач и гений человечества» ва ғайра мавод ба нашр расидаанд.
«Минбари халқ» — нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи №31 (1377), чоршанбе, 10 августи соли 2022 ҷараёни сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғдро таҳти сарлавҳаи «Марҳилаи тозаи бунёдкориҳо» инъикос намудааст. Инчунин дар ин шумораи рӯзнома хабару мақола оид ба фаъолияти ҲХДТ ва дигар маводи ҷолиб ба нашр расидаанд. Дар ин шумора таҳти унвонҳои «Оини бостон», «Ҳиндустон: Ҳафтоду панҷ соли пуршараф», «Вйетнам: Даҳ соли даҳшат», «Дӯстро гум кардам…» ва «Пешвои миллат-роҳнамову ҳидоятгари варзишгарон» матолиби таҳлилӣ ба нашр расидаанд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар








Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва Файзобод баргузор мегарданд
Раиси шаҳри Шероз ёдгории таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид
Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид
Дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ванҷ доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шуғнон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
Оид ба бостоншиносӣ ва нақши он дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Раиси шаҳри Шероз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН. Аз ёдгории таърихии «Сайёд» муҳри шоҳии марбут ба аҳди Кӯшониён дарёфт гардид
Таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳувиятофари миллат» конференсияи байналмилалӣ доир шуд






