ФУТБОЛ. КМВА бар дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ғолиб омад

Август 18, 2022 11:00

ДУШАНБЕ, 18.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 17 август бозии мавқуфмондаи даври аввали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Клуби марказии варзиши артиш»-и шаҳри Душанбе баргузор шуд. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ҷолиб сурат гирифта, бо ҳисоби минималии 0 бар 1 бар нафъи дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе анҷом ёфт. Дар ин бора дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Голи ягонаи вохӯриро бозигар Хуршед Абдуллоев дар нимаи дуюми бозӣ, аниқтараш дар дақиқаи 79-ум ба нишон расонид.

Баъди ғолибият дастпарварони Амин Субҳонӣ шумораи имтиёзҳояшонро ба 16 адад расонида, ба зинаи 5-уми ҷадвали мусобиқот баромаданд.

Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо касби 17 имтиёз дар мавқеи 4-ум қарор гирифт.

Акс: ФФТ

Август 18, 2022 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд