НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СОХТМОНИИ «TAJBUILD». Он иқтидору зарфияти бинокории Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷиро муаррифӣ менамояд

Август 2, 2022 14:19

ДУШАНБЕ, 02.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 50 ширкати бонуфузи сохтмонии ватанию хориҷӣ дар нахустин Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBuild», ки 4, 5 ва 6 август дар Қасри «Манеж»-и шаҳри Душанбе баргузор мегардад, имконият ва иқтидору зарфияти худро ба намоиш мегузоранд.

Нахустин Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBuild» бо мақсади рушди соҳаи сохтмону меъморӣ ва саноат дар доираи Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи сохтмон ва меъморӣ бо ибтикори Ассотсиатсияи ширкати «TajBuild» дар ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Дар Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBuild» бонуфузтарин ширкатҳои сохтмониву меъморӣ, саноат ва савдо, технология ва дигар коммуникатсияҳои муҳандисӣ аз Тоҷикистон, Русия, Туркия, Эрон, Узбекистон зарфияти худро дар соҳаи меъморӣ ва сохтмонӣ ба маъраз мегузоранд.


Тавре директори Ассотсиатсияи ширкати «TajBuild» Алиҷон Қодиров зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ гуфт, «яке аз ҳадафҳои асосии баргузории нахустин Намоишгоҳи байналмилалии «TajBuild» дар Душанбе — муаррифии иқтидори ширкатҳои сохтмонӣ ва таҳкими ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сохтмонии ватанӣ ва хориҷӣ мебошад».

Зикр гардид, ки дар нахустин Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBuild» беҳтарин дастовардҳо ва таҷрибаи пешқадами ширкатҳои бонуфузи сохтмонии ватанию хориҷӣ, инчунин маҳсулоти сохтмонӣ, технологияҳои муосири сохтмонӣ, таҷҳизоти махсуси соҳавӣ ба маъраз гузошта мешаванд.

Намоишгоҳ аз шаш бахш – маҳсулоти сохтмонӣ ва ороишӣ, меъморӣ ва ороишӣ, сохтмони манзилҳои наздишаҳрӣ, коммуникатсияҳои муҳандисӣ ва таҷҳизот, техникаҳои махсус, механизмҳо, асбобҳо, либосҳои махсуси соҳавӣ ва моликияти ғайриманқул иборат мебошад. Ҳоло дар Қасри «Манеж», ки макони баргузории нахустин Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBuild» мебошад, корҳои омодагӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани намоишгоҳи мазкур идома доранд.

Баргузории нахустин Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBuild» дар пойтахт дар ҳолест, ки тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе солҳои оянда дар пойтахт даҳҳо биноҳои маъмурию истиқоматӣ, марказҳои тиҷоратию фароғатӣ, гипермаркетҳо, марказҳои замонавии фурӯши маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, қасри фарҳанг, театрҳо, мактабу шифохонаҳо, майдонҳои варзишӣ, тандурустӣ ва боғчаҳои кӯдакона бо тарҳи меъмории муосир ва миллӣ бунёд мегарданд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 2, 2022 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд