Нархи тилло дар пайи сафари Пелосӣ ба Тайван то 1,8 ҳазор доллар барои як унсия боло рафт
ДУШАНБЕ, 03.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Арзиши як унсия тилло дар ҷараёни муомилот дар биржаи «Comex» (зерсохтори биржаи Ню-Йорк) аввалин маротиба аз 5 июл зиёда аз 1,8 ҳазор доллар боло рафт. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «gazeta.ru» хабар медиҳад, дар ин бора аз маълумоти минтақаҳои фурӯш бармеояд.
Соати 15:34 нархи ин филизи қиматбаҳо 0,94% боло рафта, барои як унсияи трой 1804,5 долларро ташкил дод. Ҳамзамон арзиши нуқра ҳангоми муомилот дар «Comex» 20,46 доллар барои як унсияи трой (+0,46%) буд.
Соати 18:22 қимати тилло поён рафтан гирифт ва аллакай барои як унсия 1794,4 доллар арзиш дошт, дар ҳоле ки нуқра то он вақт ба 20,29 доллар барои як унсияи трой савдо мешуд.
Агентии «Bloomberg» болоравии нархи тиллоро чун хоҳиши сармоягузорон барои маблағгузорӣ ба дороиҳои муҳофизатӣ дар пасманзари вазъи шадиди геополитикӣ шарҳ дод. Агентӣ ҳодисаҳои дар бозор рухдодаро бо сафари раиси Палатаи намояндагони Конгресси ИМА Нэнси Пелосӣ ба Тайван рабт дод.
Қаблан хабар дода шуд, ки раиси Палатаи намояндагони Конгресси ИМА Нэнси Пелосӣ бегоҳии сешанбе вориди Тайбей мешавад. Чин ваъда дод, ки дар ин маврид «тадбирҳои сахт ва қатъӣ» меандешад.
АКС аз манбаъҳои боз








Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд: «Дар мавсими гармо ба бехатарии маҳсулот диққат диҳед!»
Тоҷикистон то соли 2029 истифодаи гидрофторкарбонҳоро то 70 фоиз коҳиш медиҳад
Тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи ҳамлу нақл баррасӣ гардид
Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад






