ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2022. Санаи баргузории бозиҳои даври чорякфинал муайян шуд

Август 25, 2022 15:42

ДУШАНБЕ, 25.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Лигаи футболи Тоҷикистон санаи баргузории бозиҳои даври ¼-финали Ҷоми Тоҷикистон-2022-ро тасдиқ кард. Дар ин бора ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, 27 август дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо дастаи «Куктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бозӣ мекунад. Се вохӯрии дигари чорякфинал 28 август баргузор мешаванд. Дар ин рӯз дастаҳои футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо КМВА-и шаҳри Душанбе, «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб миёни ҳам рақобат мекунанд.

Мавриди зикр аст, ки бозиҳои даври ¼-финали Ҷоми Тоҷикистон-2022 аз як бозӣ иборат буда, дар сурати мусовӣ анҷом ёфтани вақти асосӣ, ду қисми иловагии 15-дақиқаӣ таъйин карда мешавад. Агар ғолиб дар ин муддат ҳам маълум нагардад, бар асоси муқаррароти ФИФА ғолиб дар силсилазарбаҳои 11-метра муайян карда мешавад.

Ҷоми Тоҷикистон-2022
Даври ¼-финал

27 август (шанбе)
Оғоз – соати 16:00
«Файзканд» – «Куктош»
Рудакӣ, варзишгоҳи «Нефтяник»

28 август (якшанбе)
Оғоз – соати 16:00
«Эсхата» – КМВА
Хуҷанд, варзишгоҳи «Спартак»

«Саройкамар» – «Хатлон»
Панҷ, Варзишгоҳи марказӣ

Оғоз – соати 18:30
«Истиқлол» – «Равшан» (Кӯлоб)
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Август 25, 2022 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад