Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни ҷавонон дар Булғористон ширкат меварзанд
ДУШАНБЕ, 05.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 21 август дар шаҳри Софияи Булғористон Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни ҷавонони то 20-сола баргузор мешавад. Дар он се нафар гӯштингирон аз Тоҷикистон иштирок мекунанд. Дар ин бора ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштинҳо (UWW), барои иштирок дар чемпионат ҳудуди 600 варзишгар аз 53 давлат номнавис шудаанд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 нафар – Мустафо Ахмедов дар вазни 70кг дар гӯштини тарзи озод, Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни 60кг ва Шероз Очилов дар вазни 72кг доир ба гӯштини юнонӣ-римӣ ба Булғористон сафарбар мегарданд.
Қувваозмоиҳо 15 август бо гӯштини тарзи озод оғоз мегарданд. Баъдан гӯштини занона ва дар се рӯзи охир сабқатҳои гӯштини юнонӣ-римӣ доир хоҳанд шуд.
Дар асоси барномаи чемпионат Мустафо 15-16 август, Фирӯз ва Шероз 20-21 август бо ҳарифонашон гӯштин мегиранд. Рӯзи аввал марҳилаи интихобӣ ва рӯзи дуюм финал ба нақша гирифта шудааст.
Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни наврасон соли 2019 дар шаҳри Софияи Булғористон дар равияи гӯштини юнонӣ-римӣ Шероз Очилов дар вазни 65кг медали нуқра ва Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни 55кг медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.
АКС: Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад






