ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИН БОРА ҲУШДОР ДОДА БУДАНД. Пиряхҳои Антарктида аз ҳисоби 2-3 дараҷа гарм шудани об тезтар об мешаванд

Август 5, 2022 10:21

ДУШАНБЕ, 05.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳарорати об дар соҳили шарқии Антарктида нисбат ба нимаи аввали асри ХХ аз сабаби тағйир ёфтани самти ҷараёни уқёнус 2-3 дараҷа баландтар шудааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора дар гузорише, ки 3 августи соли 2022 аз ҷониби Иттиҳоди таҳқиқоти илмӣ ва амалии Австралия (CSIRO) ва Донишгоҳи Саутгемптони Британия нашр гардид, иттилоъ дода шудааст.

Миқдори зиёди обҳо бинобар шамолҳои ғарбӣ дар уқёнуси ҷанубӣ ба дигар самтҳо ҳаракат кардаанд. Дар тӯли даҳсолаҳо ин раванд ҷараёни гардиши Антарктидаро ба сӯи қутби ҷанубӣ ҷойгардон намуд, ки он оби хеле сарди ҳавзи зерипиряхии Аврораро тадриҷан гарм мекунад.

«Пурра об шуда, пиряхҳо дар мавзеи ин ҳавза қодиранд сатҳи баҳрро 5,1 метр боло баранд», — ҳушдор додааст яке аз муаллифони таҳқиқот Лаура Эраис-Боррегуеро.

Солҳои охир Антарктида дар як сол 155 миллиард тонна яхро аз даст медиҳад ва дар якҷоягӣ бо обшавии пиряхҳои боқимондаи ҷаҳон сатҳи баҳри ҷаҳониро ҳамасола 3,6 мм боло мебарад.

Ҳавзаи зерипиряхии Аврора дар зери сипари яхини Антарктика ҷойгир аст. Он солҳои 1960-1970 кашф шуда, ба номи киштии муҳаққиқи қитъа Дуглас Моусон (1882-1958) гузошта шудааст.

Ҷараёни гирдоби Антарктида, ки дарозиаш 30000 км ва бараш 2500 км мебошад, аз ғарб ба шарқ дар атрофи кураи Замин давр мезанад.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2021 зимни суханронӣ дар ҷаласаи онлайнии Маҷмаи умумии СММ бахшида ба Ҳадафи шашуми рушди устувор нисбат ба ин мушкилот ҳушдор дода буданд.

ДАР АКС: Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз Хадамоти иттилоотии СММ

«Мутаассифона, имрӯзҳо мо босуръат об шудани яхро дар Арктика, Антарктида ва Гренландия мушоҳида менамоем. Ҳамчунин, тағйироти ҷиддӣ дар пиряхҳои воқеъ дар хушкӣ низ ба амал омада истодаанд», — гуфтанд Сарвари давлати Тоҷикистон ва гармшавии глобалиро сабаби тағйирёбии иқлим номиданд.

Президенти Тоҷикистон аз кӯҳҳои Помир мисол оварданд, ки обшавии қуллаи пирях дар як сол 16 метрро ташкил медиҳад. «Обшавии бузургтарин пиряхи воқеъ дар хушкӣ — пиряхи Федченко дар Тоҷикистон, ки дарозиаш беш аз 75 километрро ташкил медиҳад, намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад», — таъкид намуданд Сарвари давлат.

Тадқиқот нишон медиҳанд, ки танҳо давоми 70—80 соли охир пиряхи Федченко бештар аз як километр коҳиш ёфта, масоҳаташ то 44 километри мураббаъ кам гардидааст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки пиряхҳо манбаи асосии оби тоза мебошанд.

«Обшавии босуръати пиряхҳо ва ҳамчунин афзоиши масрафи об вобаста ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ ба ҳаёт ва некӯаҳволии садҳо миллион нафар одамон таҳдид мекунад», — иброз доштанд Сарвари давлат. Дар робита ба ин Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба СММ пешниҳод намуданд, ки Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода, соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шавад.

Бояд зикр кард, ки дар Тоҷикистон 6 дарсади қаламрави кишварро пиряхҳо ишғол менамоянд. Маҳз онҳо қариб тамоми Осиёи Марказиро бо оби тоза таъмин мекунанд.

Назокат ҚОДИРЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Август 5, 2022 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ КӮДАКОНИ ХУШБАХТ. Эъто ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон
1 ИЮН-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН. Ин рӯзи риоя ва эҳтироми ҳуқуқи кӯдак мебошад
ТАВАҶҶУҲ! Аз пагоҳ зимни ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок маҳдудият ворид мешавад
«Buta Airways» дар масири Боку-Душанбе-Боку нахустин парвози мустақимро анҷом дод
ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН-МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ. Сафари давлатии таърихӣ бо тадбирҳои бузург дар роҳи таҳкими ҳамкории байнидавлатӣ ва минтақавӣ
Ба қабули Эъломияи муштарак байни Тоҷикистон ва Чин оид ба барқарории муносибатҳои шарикии стратегӣ 10 сол пур мешавад
Муносибатҳои наздик ва дӯстонаи Тоҷикистон ва Чин гарави бунёдии рушди фаъоли ҳамкорӣ мебошад
ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН: ДАР МАСИРИ ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ. Андешаҳои директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо дар ин маврид
АБАРМАРД. Аксари роҳбарони сиёсии дунё, аз ҷумла сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро чун шахсияти барҷастаи сиёсӣ ва ходими давлатӣ эътироф намудаанд
Дар «Боғи Ғалаба»-и пойтахт ба ифтихори 78-солагии Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 маросими гулчанбаргузорӣ доир шуд
ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Сомонаҳои расмии баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон аз дастовардҳо иттилоъ медиҳанд ва ё аз қафомондагӣ?
МУШКИЛИ ОБ ВА ИҚДОМҲОИ БАШАРИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Гармшавии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳо инсониятро ба изтироб овардааст