Раисони судҳои олии Тоҷикистон ва Қирғизистон мулоқот намуданд

Август 18, 2022 12:00

ДУШАНБЕ, 18.08.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Душанбе вохӯрии Раиси Суди Олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён бо Раиси Суди Олии Қирғизистон Замирбек Базарбеков, ки дар ҷаласаи 17-уми раисони судҳои олии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок дорад, баргузор гардид. Ҷаласа дар пойтахти Тоҷикистон мегузарад.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва бародарона ба вуҷуд омадаанд, ки заминаи мустаҳками таърихию фарҳангӣ доранд.  Ҳамкории ду кишвар дар асоси муносибатҳои дуҷониба ва биисёрҷониба дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили СММ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай инкишоф меёбад.

Тарафҳо ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ, бахусус дар таҳия ва татбиқи ташаббусҳои муштарак оид ба такмили низоми судии ду кишвар изҳори ҳавасмандӣ карданд.


Бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳамкории дуҷониба Раиси Суди Олии Қирғизистон Замирбек Базарбеков Шермуҳаммад Шоҳиёнро барои иштирок дар конфронси байналмилалии «Мустақилияти ҳокимияти судӣ дар заминаи ислоҳоти конститутсионӣ», ки 16 сентябри соли 2022 дар Бишкек баргузор мегардад, даъват намуд.

Шермуҳаммад Шоҳиён ба Замирбек Базарбеков барои ширкаташ  дар ҷаласаи  17-уми раисони судҳои олии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай миннатдорӣ баён намуда, гуфт, ки барои ба сатҳи нав баровардани ҳамкории дуҷониба омода аст.

Ҷонибҳо инчунин дастовард, афзалият ва таҷрибаи низоми судии ду кишварро баррасӣ карданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 18, 2022 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад