САБЗАВОТИ «ТИЛЛОӢ». Чаро пиёзи одӣ маҳсулоти гаронбаҳо шудааст?

Август 4, 2022 13:59

ДУШАНБЕ, 05.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Тоҷикистон фурӯши пиёзро ба хориҷа муваққатан манъ кардааст. АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ин тасмим 18 июл бо мақсади танзими арзиши маҳсулоти кишоварзӣ ва қонеъ гардонидани талаботи сокинон гирифта шудааст.

Вақтҳои охир нархи пиёз се-чор баробар баланд гардид. Яке аз сабзавоти муқаррарӣ якбора дар пеши чашми инсон ба таоми лазиз мубаддал мегардад. Таҳвилкунанда ё таъминкунанда нархро мебардорад, фурӯшанда ноилоҷ аст.

Тавре сардори Раёсати гумруки вилояти Суғд Зафар Маҳмадиев зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, таъмини бозорҳои мамлакат бо ҳама намуди молу маҳсулот аз ҷониби ҳукумати кишвар мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Вақтҳои охир нархи пиёз нисбат ба солҳои пеш хеле боло рафтааст. Аз ин рӯ, содироти пиёз аз кишвар муваққатан манъ карда шуд.

Ба гуфтаи сардори идораи гумруки вилоят, дар 6 моҳи соли равон аз вилояти Суғд 66 ҳазор тонна пиёз содирот шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 10 ҳазор тонна камтар аст. Зимнан, имсол нархи пиёз аз 1,5-2 сомонӣ то 6-8 сомонӣ боло рафтааст. Гузашта аз ин, пиёз ҳамеша яке аз арзонтарин сабзавот буд.

Болоравии нархи ин навъи маҳсулотро масъулини идораи кишоварзӣ ба кам шудани майдони кишт, номусоидии обу ҳаво ва боло рафтани арзиши нуриҳои минералӣ марбут медонанд. Имсол кишоварзони вилояти Суғд дар майдони 3443 гектар пиёз кишт кардаанд, ки нисбат ба соли гузашта 846 гектар кам аст.

Директори Агентии содирот Шавкат Бобозода

Яке аз сабабҳои аслии кам шудани майдони кишти ин навъи сабзавотро масъулини соҳа ба номусоидии обу ҳаво, ки бар асари он ҳосили хуб ба даст наомад ва зиёни иқтисодии кишоварзон рабт медиҳанд.

«Аз аввали сол боло рафтани нархи пиёз дар Тоҷикистон ба содироти он рабт надорад», — гуфт Директори Агентии содироти Тоҷикистон Шавкат Бобозода.

Ба гуфтаи ӯ, содироти пиёз нисбат ба шашмоҳаи аввали соли гузашта 18 ҳазор тонна кам шудааст.

«Содирот зиёд нашудааст. Сабаби аслии боло рафтани нархи пиёз маҳз номусоидии обу ҳаво аст», — гуфт Бобозода.

Инчунин ӯ ёдовар шуд, ки моҳи майи соли равон бориши шадид ба амал омада, моҳи июн низ идома ёфт. Пиёзи барвақтӣ дер пухта расид, як қисми ҳосил кам шуд. Мутаносибан, ҳаҷми пиёз хурдтар гардида, нархҳо баланд шуданд.

Ба иттилои ин ниҳод, соли равон 65,8 ҳазор тонна пиёз содирот шудааст, ки 18 ҳазор тонна камтар аст. Ба ҳисоби фоиз он 22,5 фоиз кам гардида, ин навъи сабзавот ба маблағи 83,9 ҳазор тонна фурӯхта шудааст.

Раиси Ҷамъияти «Тоҷикматлубот» Ҳусейн Идиев

Тағйирёбии нархи пиёз дар Тоҷикистон бояд наздиктар ба зимистони соли равон сурат бигирад, гуфт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Раиси Ҷамъияти «Тоҷикматлубот» Ҳусейн Идиев.

Ба гуфтаи ӯ, чунин пешгӯӣ бар асоси натиҷаҳои пажӯҳишҳои бозор, бо назардошти ниёзҳои мардум ба ин навъи маҳсулоти кишоварзӣ ва суръати тавлиди он сурат гирифтааст.

Ва ҳоло истеъмолкунандагон барои як кило пиёз ҳудуди 6-8 сомонӣ пардохт мекунанд. Нархи нав эълон нашудааст.

«Ҳоло гуфта наметавонам, ки моҳи сентябр картошкаю пиёзро бо кадом нарх мехарем, аммо мутмаинам, ки арзиши он арзон мешавад», — гуфт Идиев.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Август 4, 2022 13:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд