Сироҷиддин Муҳриддин ҳайати Давлати Фаластинро ба ҳузур пазируфт
ДУШАНБЕ, 12.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 12 август Ввазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҳайати фаластиниро таҳти роҳбарии директори генералии Агентии ҳамкории байналмилалии Давлати Фаластин Имод Зуҳайрӣ ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқот вазъи кунунии Фаластин ва минтақа, ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, инчунин ҳамкорӣ дар самти иҷрои лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ ва кишоварзӣ бо ҳимояти ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Фаластин 6 марти соли 1992 барқарор шуданд.
Давлати Фаластин нахуст Сафири ғайримуқими худ дар Тоҷикистон Муҳаммад Таршаҳониро (бо иқоматгоҳ дар Тошканд) 5 марти соли 2014 таъйин намуд.
Соли 2020 Сафорати Давлати Фаластин дар шаҳри Душанбе ба фаъолият шурӯъ кард. Аз 18 феврали соли 2021 Сафири Давлати Фаластин дар Тоҷикистон Луай Исо мебошад.
Робитаҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Фаластин ҳанӯз дар даврони шӯравӣ барқарор буданд. Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори муборизаи озодихоҳии мардуми Фаластин аст.
Ду даври машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Фаластин (29 марти соли 2017 ва 23-24 апрели соли 2018) баргузор гардидаанд.
Айни ҳол дар баррасии ҷонибҳо лоиҳаҳои 7 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун қарор дорад.
Дар чорабиниҳои байналмилалие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд, ҳайатҳои Фаластин дар сатҳи баланд иштирок менамоянд. Аз ҷумла, дар кори Панҷумин иҷлосияи сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (Душанбе, 14-15 июни 2019) Вазири корҳои хориҷии Давлати Фаластин Риёз ал-Моликӣ иштирок намуд.
Акс: ВКХ ҶТ








Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид






