ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 август, сешанбе, 228-умин рӯзи соли 2022 аст

Август 16, 2022 08:00

16 августи соли 2008  масоили ҳамкории гуногунҷанбаи вақт ва ояндаи Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ шуданд.

***

11  сол пеш,  16 августи соли 2011 дар шаҳри Хоруғ бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Донишкадаи такмили ихтисоси омўзгорон ба номи Тутишо Назришоев, ки бо харҷи 2 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ бунёд ёфта буд, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

***

16 августи соли 2013 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муовини вақти Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ), муовини мудири Барномаи рушди СММ Ребека Гринспанро ба ҳузур пазируфтанд. Ребека Гринспан, аз ҷумла изҳор дошт: «Мо пешсафию пешоҳангии Шумо, муҳтарам Президент ва кишвари шуморо дар татбиқи Ҳадафҳои рушди ҳазорсола бори дигар таъйид менамоем, зеро Шумо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воқеъ дар ҳалли масоили глобалии вобаста ба рушд, хусусан дар соҳаи об пешвоед».

16 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Парагвай –Рӯзи кӯдакон.

***

Дар Доминикан – Рӯзи эҳёи ҷумҳурӣ.

РӮЙДОДҲО:

16 августи соли 2017 дар шаҳри Душанбе масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистон ва UNICEF муҳокима гардиданд.

***

16 августи соли 2018 дар шаҳри Тошканд зимни Форуми соҳибкорони Узбекистон ва Тоҷикистон 11 созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи беш аз 106,8 миллион доллари ИМА ба имзо расонида шуд.

***

16 августи соли 1857 дар Канада ба маҳбас кашидани қарздорон бекор карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1924 миёни Нидерландия ва  Туркия Созишномаи сулҳ ба имзо расид.

***

16 августи соли 1936 дар шаҳри Берлини Олмон бозиҳои XI  тобистонаи олимпӣ, ки 1 август оғоз гардида буданд, ба анҷом расиданд.

***

16 августи соли 1960 Академияи байналмилалии кайҳоннавардӣ таъсис дода шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1930 аввалин филми тасвирии овоздор ва ранга ба навор гирифта шуд.

***

Соли 1998  дар Лондон калонтарин макарон истеҳсол шудааст, ки зиёда аз  270 килограмм вазн дошт.

Август 16, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш