«ҲУНАРМАНДИ СОЛ». Дар Ашт ғолибони озмун муайян ва қадршиносӣ гардиданд

Август 31, 2022 09:03

ДУШАНБЕ, 31.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Театри драмавӣ-мусиқии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт маросими ҷамъбасти озмуни «Ҳунарманди сол» баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Озмуни мазкур дар асоси Барномаи рушди ҳунармандӣ барои солҳои 2021-2025 ва ба истиқболи 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз он бедор намудани ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат, ба насли оянда мерос гузоштани ҳунарҳои аҷдодӣ ва муаррифии ҳунари волои халқи тоҷик мебошад.

Тибқи баҳогузории ҳакамон, дар бахши кандакорӣ Мелиқузӣ Ҳакимов аз Ҷамоати деҳоти Ашт, дар бахши дӯзандагӣ Гулноза Негматова аз Ҷамоати шаҳраки Шайдон, дар бахши наққошӣ-кулолгарӣ Боҳир Юлдошев аз Ҷамоати шаҳраки Шайдон, дар бахши бофандагӣ Хуморой Тошматова     аз  Ҷамоати деҳоти  Ошоба, дар бахши оҳангарӣ Бахтиёр Абдухалилов аз  Ҷамоати деҳоти Ашт ғолиб дониста шуданд.

Аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ба ғолибони озмун Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти  Раиси вилояти Суғд

Август 31, 2022 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд
НАВРӮЗИ ХАТЛОН. Фасли баҳор дар ин минтақаи Тоҷикистон пештар оғоз меёбад
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбекистон баргузор мегарданд
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол ва иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳифзи Наврӯз – ҳифзи ҳувият ва худшиносии миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳамчун ворисони аслии тамаддуни ориёӣ суннатҳои наврӯзиро минбаъд низ пос дорем»
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз моро ба некиву накукорӣ даъват мекунад»
ГУЛҲОИ ВАТАН ДАР ЧАКАНИ МАН. Ин мероси пурарзиши ниёгон фарҳанг ва таърихи куҳани тоҷиконро инъикос менамояд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз ба ягон дину мазҳаб пойбанд нест»