Завқӣ Завқизода ва Андреас Шнайдер масъалаи ҷалби грантҳоро барои рушди минтақаҳо баррасӣ намуданд

Август 11, 2022 09:43

ДУШАНБЕ, 11.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 10 август вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо намояндагони Бонки Олмонии Рушд таҳти роҳбарии Директори минтақавии Бонки Олмонии Рушд дар Осиёи Марказӣ Андреас Шнайдер баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо вобаста ба масъалаи ҷалби грантҳо барои рушди минтақаҳо, инфрасохтор ва коҳиши таъсири манфии тағйирёбии иқлим дар кишвар ба мувофиқа расиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мазкур хабар доданд.

З. Завқизода зикр намуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.

Яке аз натиҷаҳои назарраси ҳамкорӣ  бо бонки мазкур- ин ба имзо расонидани Шартномаи иловагӣ оид ба пешниҳоди грант ва татбиқи лоиҳаи сохтмони НБО «Себзор» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 17,4 млн евро мебошад. Хотирнишон бояд кард, ки дар маҷмӯъ барои лоиҳаи сохтмони НБО «Себзор» 70 млн евро аз ҷониби шарикони рушд ҷудо гардидааст.

Ҳамзамон зимни вохӯрӣ вобаста ба НБО «Тоҷикистон», ки бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 2018 дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ ёфта буд, мубодилаи афкор сурат гирифт. Аз ҷониби Бонки Олмонии Рушд барои навсозии НБО «Тоҷикистон» 7,4 млн евро ҷудо гардид.

Ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкорӣ дар самти татбиқи иқтисоди рақамӣ ва иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

 

Август 11, 2022 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд