Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзии вилояти Хатлон дар сатҳи 106-107 фоиз таъмин гардид
ДУШАНБЕ, 28.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони вилояти Хатлон дар татбиқи «Барномаи амнияти озуқавории вилоят давоми солҳои 2020-2022» корҳои мушаххас ба анҷом расониданд ва дар ин давра ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар сатҳи 106-107 фоиз таъмин гардид. Дар ин бора 27 сентябр зимни Иҷлосияи 16-ум, даъвати шашуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят иброз гардид.
Зикр шуд, ки дар давраи моҳҳои январ-сентябр 1172 гектар заминҳои холимонда, 358 гектар заминҳои партов, 269 гектар чарогоҳ, 33 гектар дигар заминҳо, дар маҷмӯъ, 1832 гектар замин дар вилоят ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудааст. Зиёда аз 20 ҳазор гектар заминҳои байни боғу токзор, партов, чарогоҳ ва дигар заминҳо ба кишти зироати гуногуни кишоварзӣ фаро гирифта шудаанд.
Бо мақсади таъмини иҷрои «Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон қарори дахлдор қабул кард.
Аз ҷумла, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки вобаста ба интихоб, дарёфт ва амалӣ намудани кишти навъҳои серҳосили зироати кишоварзии ба шароити тағйирёбии иқлим ва коркарди саноатӣ мутобиқ, зиёд намудани теъдоди сардхонаҳои муосири нигоҳдории маҳсулоти растанипарварию чорводорӣ ва таъмини захираи на кам аз 15-20%-и талаботи истеъмолии аҳолӣ, офаридани навъҳои сермаҳсули зироати кишоварзӣ ва ҷорӣ намудани онҳо дар истеҳсолот дар асоси технологияҳои инноватсионии парвариш чораҷӯӣ намоянд.
Дар ҷамъбасти иҷлосия шаҳру ноҳияҳое, ки дар ҷамъоварии бистрӯзаи ҳосили пахтаи соли 2022 ба пешравӣ ноил шудаанд, бо Ифтихорномаву мукофотпулиҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ шуданд.
Аз ҷумла, шаҳри Левакант сазовори ҷойи якум (20 000 сомонӣ), ноҳияи Данғара ҷои дуюм (15 000 сомонӣ) ва ноҳияи Дӯстӣ ҷои сеюм (10 000 сомонӣ) гаштанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








РАҚАМИКУНОНИИ ҲАМЛУ НАҚЛ. Тоҷикистон ва Қирғизистон нахустин маротиба низоми байналмилалии eTIR-ро озмуданд
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Котиботи давлатии Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ баррасӣ гардид
Вазорати молия натиҷаҳои таҳқиқоти «Буҷети кушода»-и соли 2025-ро муаррифӣ намуд
Дар Боку ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуд
Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро барои рушди энергетикаи «сабз» густариш медиҳанд
Дар Боку ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон баррасӣ гардид
Бахшида ба Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон мактаби технологияҳои рақамӣ бо тарҳ ва усулҳои муосир таъсис дода мешавад
Нақшаи истеҳсоли пилла дар шаҳри Левакант пурра иҷро гардид
Тоҷикистон ҳамкориро бо БАТР дар бахши энергетика тақвият медиҳад
Ноҳияи Данғара нақшаи истеҳсоли пилларо пурра иҷро намуд
Ҷамъоварии картошка ва пиёз дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ноҳияи Панҷ идома дорад






