ҲАДИСИ МУСАВВАР. Бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон калонтарин иншооти Туркия ва Русия бо лавҳаҳои ҷашнӣ ва рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон оро ёфтанд
ДУШАНБЕ, 10.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Сафорати ҶТ дар Ҷумҳурии Туркия 9 сентябри 2022 бо мақсади арҷ гузоштан ба Истиқлоли давлатӣ ва таҷлили 31-умин солгарди он, парчами Тоҷикистон дар баландтарин бинои шаҳри Анкара, Türkiye Odalar ve Borsalar Birliği-ТOBB (Иттифоқи Палатаи Молиявӣ ва Биржаҳо) ва дарозтарин пули шаҳри Истанбул – пули машҳурии Босфор (Boğaz küprüsü) намоиш дода шуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» Манижа МАҚСУД аз шаҳри Истанбул.
Ёдовар мешавем, ки бинои Маркази Иттифоқи Палатаҳои савдо ва биржа, ки соли 1950 таъсис ёфтааст, дар пойтахти Туркия дар кӯчаи Думлупинар 252 ҷойгир буда, феълан дар ин иттиҳодия 365 намояндагиҳои савдо ва биржаҳои молӣ фаъолият доранд.


Пули Босфор (Boğaziçi Köprüsü), бо дарозии 1560 метр, яке аз се пули овезон ва аввалин пули Босфор аст, ки Аврупо ва Осиёро мепайвандад.

Инчунин дирӯз, 9 сентябр бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Россия ба ифтихори таҷлили Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар медиа-фасадҳои биноҳои шаҳри Москва ва дохили фурудгоҳҳо лавҳаҳои ҷашнӣ бо суханони табрикотӣ намоиш дода шуданд.

Ҳамчунин бегоҳи рӯзи 9 сентябри соли ҷорӣ дар мавзеи Арбат намоиши лавҳаҳои ҷашнӣ ба ифтихори ин санаи фархунда баргузор гардид.
АКС: Сафорати ҶТ дар Туркия/Сафорати ҶТ дар Русия/АМИТ «Ховар»












Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд






