Арзиши патенти муҳоҷирон дар кишвари Приморск барои соли 2023 муайян гардид
ДУШАНБЕ, 29.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нархи патенти кор барои шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Приморск соли 2023 боло бурда намешавад. Чунин тасмим дар нишасти маҷлиси қонунгузории минтақа қабул гардид,- хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хабаргузории русии “Спутник”.
Коэффитсиенте, ки инъикоскунандаи вижагиҳои бозори меҳнати маҳаллист, соли 2022 ба 3,2 баробар шуд.
Бо дарназардошти афзоиши пешбининамудаи коэффитсиент- дефлятори андоз аз даромади шахсони аз ҷониби Вазорати рушди иқтисоди Русия муқарраршуда, пардохти моҳона тақрибан 7680 рублро ташкил медиҳад.
Мақомоти вилоят тасмим гирифтанд, ки бинобар вазъи мавҷудаи иқтисодӣ нархи патент барои муҳоҷиронро гарон накунанд.
Ҳамин тариқ, коэффитсиенти кишвари Приморск дар ҳавзаи федералии Шарқи Дур пас аз Ёқутистон (4,9) яке аз баландтарин боқӣ мемонад, бинобар ин ба зиёд кардани он зарурат нест.
Тахмин меравад, ки буҷети вилоят аз ҳисоби пардохтҳои хориҷиён дар соли 2023 бо на камтар аз 700 миллион рубл пур карда шавад.
Бояд гуфт, ки дар шаш моҳи соли 2022 муҳоҷирон дар қаламрави Приморск 12 760 патентро ба расмият даровардаанд. Даромади буҷети вилоят аз ҳисоби пардохтҳои пешмузд 581 миллион рублро ташкил додааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд






