БОРИ НАХУСТ ДАР ТАЪРИХ! «Вақти он расидааст, ки Тоҷикистон барои касби узвияти ғайридоимӣ дар Шӯрои Амнияти СММ номзадии худро пешбарӣ намояд»,- Сироҷиддин Муҳриддин
ДУШАНБЕ, 26.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пас аз ҳиссагузориҳои бисёрсола дар чандҷанбагароӣ (мултилатерализм) тариқи мушорикати фаъол дар чорабиниҳо ва равандҳои Созмони Милали Муттаҳид, инчунин бо дарназардошти таҷрибаи беназири сулҳпарварӣ ва дониши амиқ дар бораи Афғонистон вақти он расидааст, ки Тоҷикистон бори нахуст барои касби узвияти ғайридоимӣ дар Шӯрои Амнияти СММ барои солҳои 2028-2029 номзадии худро пешбарӣ намояд. Дар ин бора Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронӣ дар иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ изҳор дошт.
«Тоҷикистон ҷиддан муътақид бар он аст, ки давлатҳои хурд низ бояд имкони бештаре дошта бошанд, то ҷиҳати дарёфти роҳҳалҳо барои масъалаҳои марбут ба таъмини сулҳу амният саҳм гузоранд», — гуфт ӯ.
Сироҷиддин Муҳриддин изҳори умедворӣ кард, ки ин иқдом аз ҷониби тамоми кишварҳои узви Созмон пуштибонӣ хоҳад шуд.
Бояд тазаккур дод, ки бори нахуст номзадии Тоҷикистонро ба сифати узви ғайридоимии Шӯрои Амнияти СММ барои давраи солҳои 2028-2029 Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ тариқи онлайн дар мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ моҳи октябри соли 2021 пешбарӣ карданд. Ба гуфтаи Сарвари давлат, Тоҷикистон шумораи неруҳои посдори сулҳи худро дар минтақаҳои даргир афзоиш хоҳад дод. Пешвои миллат тазаккур доданд, ки Тоҷикистон аз таҷрибаи мусбати ҳамкории кишвар бо Созмони Милали Муттаҳид қаноатманд аст.
«Тоҷикистон ҳамеша аз фаъолияти сулҳофаринии Созмони Милали Муттаҳид пуштибонӣ намудааст, — гуфтанд Президенти мамлакат. — Минбаъд низ саъю талош хоҳад кард, ки дар барқарорсозӣ ва пойдории сулҳу субот дар минтақаҳои гирифтори низоъ саҳм гузорад».
Ёдовар мешавем, ки ҳоло панҷ кишвар, аз ҷумла Россия, ИМА, Британияи Кабир, Чин ва Фаронса узви домии Шӯрои Амнияти СММ мебошанд. Давлатҳои гуногун узви ғайридоимии Шӯрои Амнияти ин созмон гардидаанд. Аз Осиёи Марказӣ танҳо Қазоқистон солҳои 2017-2018 узви ғайридоимии Шӯрои Амнияти СММ шудааст.
АКС: ВКХ Тоҷикистон








Идомаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории рақамӣ вохӯрӣ намуд
Таҳти ҳамоҳангсозии Тоҷикистон ҷаласаи сафирони Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ доир гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар якчанд чорабинии сатҳи баланд дар Ню-Йорк иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси иҷлосияи 81-уми Маҷмаи умумии СММ мулоқот намуд
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Сандуқи кувайтӣ барои рушди иқтисодии арабӣ баррасӣ шуд
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон дар Ню-Йорк мулоқот намуданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ мулоқот намуд
Созишнома оид ба бекор кардани талаботи раводид байни Тоҷикистон ва Сейшел ба имзо расид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири нақлиёт ва инфрасохтори Туркия мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк вохӯрии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ доир шуд






