ЧАРО САР ДАРД МЕКУНАД? Хуруҷи бемориҳои музмин дар фасли тирамоҳ ба тағйирёбии вазъи ҳаво вобаста аст

Сентябрь 14, 2022 12:58

ДУШАНБЕ, 14.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сабабҳои асосии хуруҷи бемориҳои музмин дар фасли тирамоҳ ба тағйирёбии боду ҳаво вобаста буда, дар ин ҳолат ин гуна беморон бештар ба дарди сар гирифтор мешаванд. Ин матлабро табиби асабшинос Фаридун Абдуллоев зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» баён дошт.

Фаридун Абдуллоев тавсия медиҳад, ки «дар ин давра одамон бояд бештар дар ҳавои тоза сайру гашт намоянд, чунки нарасидани оксиген яке аз омилҳои асосии дарди сар ба ҳисоб меравад. Ҳангоми иҷрои кор бояд давра ба давра танаффус карда, худро ором намоянд, тирезаҳои хона ё идораҳоро кушода монанд, то ҳаво иваз шавад. Нӯшидани на камтар аз 1,5 литр об дар як рӯз, маҳдудияти нӯшидани чой ва қаҳва, даст кашидан аз тамокукашӣ ва истеъмоли машруботи алкоголӣ ҳатмӣ мебошад. Инчунин дар як шабонарӯз инсон бояд аз 7 то 8 соат хоб равад. Ба изтироб дода нашуда, худро аз ҳолатҳои ҳаяҷони сахт (стресс) бояд канор гирифт. Зарур аст, ки бештар ғизоҳои камнамак истеъмол карда шавад».

Ба гуфтаи табиб, дигаршавии боду ҳаво ба вазъи саломатии одамони синну соли гуногун бетаъсир набуда, баръакс дар ивазшавии бофтаҳои бунияи инсон ва фаъолияти муназзами онҳо таъсири гуногун мерасонад. Дар ин шабу рӯз ба мо беморони зиёде бинобар пайдо шудани дарди сар муроҷиат мекунанд, ки аксаран дарди сари онҳо ба аломатҳои бемориҳои дигари организм вобаста мебошад.

Ба гуфти табиби асабшинос, дарди сар асосан дар мавзеи сару атрофи он пайдо шуда, ҳолати психофизиологии инсонро тасвир намуда, бо таъсири ангезандаҳои пурзӯру зараррасон ба вуҷуд меояд. Агар дарди сар мунтазам такрор ёбад, ҳатман ба асабшинос (невролог) ё духтури оилавӣ муроҷиат кардан зарур аст.

Дарди сар органикӣ ва ғайриорганикӣ мешавад, инчунин мигрен, сарборӣ, дарди сари кластерӣ ё гистаминӣ мавҷуданд, ки ба онҳо невралгияи асаби сегона ва асаби паси сар низ дохил мешаванд. Аломатҳои дигари дарди сар осеби сар, ҷараёнҳои омосӣ, остеохондрози қисми гардан, дистонияи вегетативӣ, бемории фишорбаландӣ, камхунӣ, бемориҳои занона ва ғайра мебошанд.

Фаридун Абдуллоев иброз намуд, ки «агар дар инсон асабонияти тез, хиратабъӣ, беҳолӣ, хоболудӣ, торикшавии пеши чашмон, баъзан халалдоршавии ҳиссиёт, ба мисли карахтшавӣ ва сихзании як тарафи рӯй, дарди нимсара мушоҳида шаванд, ин намуди аз ҳама паҳнгаштатарини дарди сар- дарди сари сарборӣ ё мигрен мебошад. Намудҳои дигари дарди сар ба омилҳои гуногуни узвҳои инсон рабти бештар доранд. Барои ташхиси дақиқи дарди сар гузаронидани муоинаҳои комплексӣ зарур аст».

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, барои ташхиси пурра анҷом додани муоинаҳои зерин лозим аст: томографияи компютерӣ, барои хурдсолон муоинаи ултрасадоии майнаи сар (УЗИ), рентгеногафияи косахонаи сар, элекроэнсефалография (ЭЭГ) ва озмоишҳои лабораторӣ.

«Пизишкон табобатро ба ҳар бемор бо назардошти сабабҳои беморӣ, ҷинс, синн ва хусусияти организми онҳо тавсия медиҳанд. Инчунин барои пешгирии дарди сар роҳу воситаҳои гуногун мавҷуданд, аз қабили иҷрои машқҳои варзишӣ- давидан, шиноварӣ, гимнастика ва ғайра, ки ба саломатии инсон фоидаи зиёд доранд»,- гуфт Фаридун Абдуллоев.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз ва муаллиф

Сентябрь 14, 2022 12:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид