Дар Душанбе масъалаи ҳамкорӣ бо Маркази минтақавии рушди иқтидори Хазинаи Байналмилалии Асъор баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 23.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо директори Маркази минтақавии рушди иқтидори Хазинаи Байналмилалии Асъорро барои давлатҳои Қавқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон Норберт Функе баргузор гардид, ки дар доираи он тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкорӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар бонки мазкур хабар доданд, Фирдавс Толибзода саҳми ХБА дар ташаккули институтҳо ва рушди иқтидори омилҳои инсонӣ дар бахши молиявиро муҳим арзёбӣ намуда, барои ҳамкории доимӣ ва дастгирии низоми бонкӣ ва дар маҷмӯъ, иқтисодиёти миллии мамлакат аз ҷониби хазина изҳори сипос намуд.
Ҳамзамон муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамкории оянда бо Маркази минтақавии рушди иқтидори ХБА дар самти танзим ва назорати низоми бонкӣ бо истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ, бахши сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми пардохт, заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, аудити дохилӣ, омор ва тавозуни пардохт, танзим ва назорати суғуртавӣ, таҳияи низоми муосири идоракунии хавфҳои амалиётӣ, низоми комплаенс бо ҷалби кумаки техникӣ изҳори назар кард.
Норберт Функе зикр намуд, ки Маркази минтақавии рушди иқтидори ХБА бо 9 давлати дунё, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории мутақобила ба роҳ мондааст. Номбурда барои густариши ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати суботи молиявӣ, пешбурди сиёсати самараноки макропруденсиалӣ, идоракунии хавфҳо, танзим ва назорати бонкӣ, ки барои суботи молиявӣ ва рушди иқтисоди кишвар заминаи мусоид фароҳам меоварад, омодагии хешро баён намуд.
АКС: шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон








Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъоварӣ ва коркарди пахта идома дорад
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Шаҳринав ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Дар Минск ҳамкории мақомоти дахлдори Тоҷикистон ва Русия дар самти муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Парвозҳои ҳавоӣ байни Душанбе ва Давҳа барқарор мегарданд
Дар Душанбе Конфронси панҷуми байналмилалии роҳдории Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Дар Панҷакент коргоҳи коркарди қуму шағал ва истеҳсоли бетон ба истифода дода шуд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниидоравӣ оид ба таъмини бехатарии авиатсионӣ баргузор шуд
Намояндагони «Тоҷикаэронавигатсия» бо раванди таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Академияи давлатии авиатсияи Беларус шинос гардиданд






