Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ намоиш-фурӯши китоб доир шуд
БОХТАР, 06.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 5 сентябр дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ намоиш-фурӯши китоб баргузор шуд. Дар ин бора хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Намоишгоҳи мазкур ба истиқболи 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Рӯзи китоб, ки дар Тоҷикистон ҳамасола 4 сентябр таҷлил мешавад, доир шуд.
Зимни баргузории намоиш Раиси ноҳия Убайдуллои Файзулло, инчунин дӯстдорони китоб иштирок намуданд.
Намоиш-фурӯши китоб дар асоси «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ташкил шудааст. Ҳадафи он дар доираи ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб-2022», ки аз ҷониби корхонаи Сарраёсати давлатии таъминот ва савдои «Китоб»-и Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ амалӣ мегардад, пурра намудани махзани китобхонаҳо бо асарҳои чопшуда мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
54 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт
Ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Дар Хатлон барои баргузории даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ беш аз 2 миллион сомонӣ ҷудо гардид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова даври муассисавии озмун оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷаласаи гурӯҳи кории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара даври аввали (муассисавии) Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз шуд
Дар Осорхонаи миллӣ дастовардҳои ғолибони озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ба намоиш гузошта шуд






