Фарҳод Раҳимӣ ҳамлаи таҷовузкоронаи Қирғизистонро ба шеваи таҳоҷуми гурӯҳҳои террористии байналмилалие, чун «Ал-Қоида»* ва «ДОИШ»* шабоҳат дод

Сентябрь 24, 2022 10:56

ДУШАНБЕ, 24.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ҳамлаи таҷовузкоронаи Қирғизистонро ба қаламрави Тоҷикистон ба шеваҳои таҳоҷуми гурӯҳҳои террористии байналмилалие, чун «Ал-Қоида»* ва «ДОИШ»* шабоҳат дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ӯ дирӯз зимни суханронӣ дар ҳамоиши байналмилалӣ бахшида ба солгарди 11-уми марги устод Бурҳониддин Рабонӣ дар Лондон зикр кард, ки чанд рӯз пеш Тоҷикистони соҳибистиқлол мавриди ҳамлаи ноҷавонмардонаи кишвари ҳамсоя — Қирғизистон қарор гирифта, дар натиҷаи он даҳҳо нафар занону кӯдакони бегуноҳ ва мардумони мулкӣ кушта шуданд ва садҳо хонаҳои мардуми таҳҷоӣ нобуд гардиданд.

«Таҷовузгарон ҳатто бо дастгоҳҳои бесарнишин ҳангоми намоз ба масҷиди ҷомеъ ҳамла намуда, даҳҳо намозгузорро ба қатл расониданд, ки ин амал ҳам аз нигоҳи исломӣ ва ҳам аз нигоҳи инсонӣ пазируфтанӣ набуда, шабеҳи шеваҳои таҳоҷуми гурӯҳҳои террористии байналмилалие, чун «Ал-Қоида»* ва «ДОИШ»* аст, ки хилофи тамоми муқаррароти асноди байналмилалӣ ва умумибашарӣ мебошад», — иброз дошт Фарҳод Раҳимӣ.

Тавре дар идома Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба самъи иштирокчиён расонид, маълум гардид, ки кишвари ҳамсоя ба ин ҷанг тайёрии қаблӣ доштааст ва ҳатто пеш аз оғози ҷанг дар сар то сари ҷаҳон бо таъсиси гурӯҳҳои фейкӣ ба забонҳои гуногун ва ҷалби хакерони хориҷӣ ҷиҳати масдуд намудани шабакаҳои иҷтимоӣ ва саҳифаю торномаҳои интернетии тоҷикӣ бо мақсади таҳрифи воқеият ва дурӯғпароканӣ машғул будааст.

Вале роҳбарияти сиёсии ин кишвар, ба зикри Фарҳод Раҳимӣ, бо бешармии том ва аҳдшиканиву бемасъулиятии ба онҳо хос бо истифода аз минбари баланди СММ дар тамоми ҷаҳон ин воқеиятро таҳриф, ҳодисаро нодуруст ва яктарафа баҳогузорӣ мекунад ва ҷомеаи ҷаҳониро ба пазириши дурӯғу тӯҳматномаҳои худ мутақоид карданӣ мешавад.

Дар ҳамоиш ӯ мавқеи Тоҷикистонро баён намуда, тазаккур дод, ки тайи 30 соли охир аз ҷониби Қирғизистон зиёда аз 200 ҳуҷуми мусаллаҳона ба кишвари мо сурат гирифт.

«Мо ҳеҷ гоҳ аввалин шуда, ба кишвари ҳамсоя таҳдиде ва ё ҳуҷуми мусаллаҳона оғоз накардаем, як пора замини онҳоро ғасб нанамудаем ва баръакс, онҳо дар заминҳои қонунии кишвари мо зиндагонӣ доранд, ки бо ҳар роҳу васила дар замони Шӯравӣ ба он соҳиб гардиданд ва амалҳои мо танҳо дифоъ аз сарзамини худ ва манофеи миллиамон буд ва мебошад, — гуфт Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. — Фикр мекунам, ин ҳама нооромиҳо ва аҳдшиканиву ҳуҷум ба хоки муқаддаси кишвари ман – Тоҷикистони азиз рӯҳи бузургмардони моро, чун Бурҳонидин Раббониву Аҳмадшоҳи Масъуд ва садҳову ҳазорон абармардони тоҷику форс ором намегузорад».

Дар фарҷоми суханронӣ ӯ ба иштирокчиёни ҳамоиш муроҷиат карда, даваът ба амал овард, ки дар расонидани ҳақиқат ва роҳ надодан ба таҳрифи воқеият бо Тоҷикистон бошанд ва дар муаррифии воқеияти низои мазкур ва мавқеи кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ мусоидат ва ҳамкорӣ намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳамоиши байналмилалӣ бахшида ба солгарди 11-уми марги устод Бурҳониддин Рабонӣ 23 сентябр дар шаҳри Лондони Британияи Кабир баргузор гардид, ки дар он Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар шакли маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Акрамхоҷа АКБАР,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

___________________

* Созмонҳои террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон ва соири кишварҳои ҷаҳон

Сентябрь 24, 2022 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

БУНЁДГУЗОРИ ЗАБОНИ НОБИ ТОҶИКӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
Президенти Тоҷикистон аз тағйирёбии босуръати иқлим ва оқибатҳои ногувори он изҳори нигаронӣ намуданд
ИСТИҚЛОЛИЯТ-ШИНОСНОМАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКОН. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба истиқлолият
Эмомалӣ Раҳмон: «Ормону орзуи ҳар шахс танҳо дар сурати побарҷо будани сулҳу суботи ҷомеаву давлат ва ваҳдати миллӣ амалӣ гардида метавонад»
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Шабакаи алоҳидаи телевизионии таълими забонҳои хориҷӣ таъсис дода шавад»
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН САРПАРАСТИ БОЗ ЯК ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ. Озмуни «Беҳтарин китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаи илмию оммавӣ» дар соли 2024 баргузор карда мешавад
«ДАҲСОЛАИ АМАЛ БАРОИ ИЛМҲОИ КРИОСФЕРА, СОЛҲОИ 2025-2034»: Талоши созанда барои ҷаҳонӣ гардонидани илмҳои қутбшиносӣ ва яхшиносӣ
ТАНҲО МУТОБИҚШАВӢ БА ИҚЛИМ КОФӢ НЕСТ. Гармои тӯлонӣ ва шадид зарурати амалҳои фавриро дар мубориза бо тағйирёбии иқлим таъкид менамояд
33 СОЛИ ПУРСАМАРИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Дар роҳи ватансозӣ мисли ангуштони як мушт сарҷамъу муттаҳид бошем!»
ИСТИҚЛОЛ ВА ШИНОХТИ АСОЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳои Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ Амид Комилбек дар ин маврид
Президенти Тоҷикистон ҳушдор доданд: «Эҳтимолан чанд соли оянда мо шоҳиди боз дигар рақамҳои рекордии вобаста ба баландшавии ҳарорати ҳаво гардем»