«ГАНҶИ БАДАХШОН». Дар водии Хуфи ноҳияи Рӯшон Фестивали экологӣ-фарҳангӣ доир гардид
ХОРУҒ, 13.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон, ташкилоти ҷамъиятии «Кӯҳҳои Помир» ва «Кӯҳсори Бадахшон» дар деҳаи Хуфи Ҷамоати деҳоти Пастхуф таҳти унвони «Ганҷи Бадахшон» бо ширкати коршиносони масоили муҳити зист, олимони Институти биологии Помири Академияи миллии илмии Тоҷикистон ва сокинони Ҷамоати деҳоти Хуф Фестивали экологӣ-фарҳангӣ доир гардид, иттилоъ медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз МИРАСАН.
Деҳаи Хуфи ноҳияи Рӯшон дар баландии 2700 метр аз сатҳи баҳр, миёни чаҳор кӯҳи сар ба афлок ҷой гирифтааст.
Ба гуфтаи узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев, “табиати ин деҳа воқеан ҷолибу беназир буда, оби басо мусаффо ва ширин дорад. Ҳар куҷое, ки оби поку ширин мавҷуд аст, меваю сабзавоти он ҷо низ аз ҳар ҷиҳат тозаву лазизанд. Бештари сокинони ин деҳа ба кишоварзӣ ва чорводорӣ машғул буда, дар бозори шаҳри Хоруғ барои хариди маҳсулоти ширии ин деҳа мардуми зиёд дар навбат меистанд. Ман ҳам шахсан кӯшиш мекунам, ки аз маҳсулоти ширии чорводорони ин деҳа харидорӣ намоям. Ба мушоҳида расид, ки ягон хонаводаи ин деҳа аз мағоза ширу равған ё маҳсулоти қаннодӣ харид намекунад, балки маҳсулоти изофии худро ба бозор мебарорад”.
Мақсади фестивал аз он иборат буд, ки табиати нотакрор, оби софи ошомиданӣ, растанию набототи шифобахш, чорвои зоти маҳаллӣ, дарахтони мевадиҳанда ва ороишии деҳа ҳамаҷониба ҳифз карда шаванд.
Дар доманакӯҳҳо ва лаб-лаби рӯдхонаҳои кӯҳӣ растаниҳои гуногуни шифоӣ мерӯянд, ки сокинони Хуф онҳоро дар алоҳидагӣ ва бо дигар ғизоҳо ҳамчун таомҳои парҳезӣ истифода мебаранд. Дурӣ аз роҳи мошингард ва мавқеи ҷуғрофӣ сабаб гаштааст, ки бисёр анъанаю ҳунарҳои мардумии қадимӣ дар ин деҳа маҳфуз бимонанд. Маҳз ба ҳамин хотир ташкилоти ҷамъияти «Кӯҳҳои Помир» ва «Кӯҳсори Бадахшон» ҷои баргузории фестивали эко-фарҳангиро ин деҳаи баландкӯҳ интихоб намудаанд.
Фестивал бо намоиши намунаҳои ҳунармандӣ, таомҳои миллӣ, намудҳои гуногуни растаниҳои шифобахш ва бозиҳои қадимӣ оғоз ёфт. Сокинони деҳа меҳмононро, ки аз шаҳри Хоруғ ва деҳаҳои дигари ноҳияи Рӯшон омада буданд, дар дарвозаи майдон бо рақсу тарона ва бозиҳои фарҳангии қадимӣ пешвоз гирифтанд. Дар ҳар гӯшаи намоишгоҳ ризокорон дар бораи намунаҳои маҳсулоти ҳунармандӣ, ғизоҳои анъанавӣ ва растаниҳои шифобахш бо истифода аз маъхазҳои олимони ватанию хориҷӣ ба иштирокчиёни фестивал маълумоти муътамад пешниҳод мекарданд. Ҳамаи гиёҳҳову растаниҳои шифобахш баробари табобати дардҳои гуногун ҳамчунин зимни омода кардани шарбату нӯшобаҳои мухталиф ва ғизоҳои маҳаллӣ ба сифати омехтаҳои хушбӯй фаровон истифода мешаванд.
Дар хатми фестивал бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ ва ҳамеша тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ба аъзои маҳфили «Дӯстдорони табиат» асари илмии мардумшиноси машҳури рус Михаил Андреев «Тоҷикони водии Хуф», ки дар солҳои аввали асри бист ба нашр расидааст, тақдим гардид.
АКС: АМИТ «Ховар»








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






