Миёни Тоҷикистон ва Дафтари аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 13.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 11 сентябр дар доираи баргузории Иҷлосияи 72-уми Дафтари аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) , ки дар шаҳри Тел-Авиви давлати Исроил ҷараён дорад, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо директори Дафтари минтақавии ТУТ оид ба кишварҳои Аврупо Ҳанс Клюге Созишномаи нави ҳамкории дусоларо ба имзо расонид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Гуфта шуд, ки имзои ин Созишномаи нави ҳамкории дусола марҳалаи муҳим дар муносибатҳои дарозмуддати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ТУТ ба шумор меравад. Созишнома мазкур ҳадаф ва нақшаҳои муҳими таҳкими низоми тандурустии Тоҷикистонро дарбар мегирад, ки ТУТ дар ин самт дастгирии техникӣ ва молиявӣ хоҳад расонид.
Бояд гуфт, ки пандемияи COVID-19 сабақҳои муҳимеро вобаста ба роҳҳои минбаъд беҳтар кардани хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ ба миён овард. Аз ин рӯ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ба мувофиқа расиданд, ки сабақҳои аз ин пандемия андӯхтаро дар саъю кӯшиши муштараки худ барои боз ҳам беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ истифода баранд. Ин масъала дар Созишномаи нави ҳамкории дусола, ки ба имзо расид, махсус дарҷ гардидааст.
Созишнома на танҳо нишон медиҳад, ки чӣ гуна сабақҳои аз пандемияи COVID-19 гирифташуда метавонанд саломатӣ ва соҳаи тандурустиро беҳтар гардонанд, балки он ба Тоҷикистон ҷиҳати ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор мусоидат мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Иҷлосияи 72-уми Кумитаи минтақавии ТУТ оид ба кишварҳои Аврупо аз 12 то 14 сентябр дар шаҳри Тел-Авиви давлати Исроил идома меёбад, ки дар он намояндагон аз 53 давлати ҷаҳон иштирок доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин Иҷлосия ҳайати Вазорати тандурустӣ таҳти роҳбарии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамоллидин Абдулозода намояндагӣ мекунад.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






