Миёни Тоҷикистон ва Кувайт тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 19.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҷаласаи 3-юми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Кувайт оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамраиси комиссия Завқӣ Завқизода бо Роҳбари ҳайати кувайтӣ, Ҳамраиси комиссия аз ҷониби Давлати Кувайт хонум Асел Сулаймон ал- Саъд ал- Мунифӣ баргузор гардид, ки дар доираи он тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар вазорати мазкур хабар доданд, зимни вохӯрӣ З. Завқизода зикр намуд, ки сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлати Кувайт соли 2016 ба рушди ҳамкории дуҷониба заминаи нав гузошт.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба густариш додани ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, ҷалби бештари сармояи кувайтӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, содироти меваю сабзавоти тару тоза, меваҳои хушк, оби нӯшокӣ ва зиёд намудани содироти маҳсулоти дорандаи тамғаи «Ҳалол» мубодилаи афкор намуданд.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо оид ба густариши ҳамкорӣ барои рушди инфрасохтори нақлиётию энергетикӣ аз ҳисоби маблағҳои кувайтӣ пешниҳодҳои мушаххас ироа шуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








Дар Душанбе дурнамои ҷалби сармоягузориҳои Олмон ба соҳаи саноати Тоҷикистон баррасӣ шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд






