Муовини дабири кулли СММ ба ташаббусҳои байналмилалӣ ва нақши пешсафии Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об баҳои баланд дод
ДУШАНБЕ, 16.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 сентябр дар шаҳри Самарқанд дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва сулҳофаринӣ Розмари Дикарло баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистон ва СММ-ро бо таваҷҷуҳ ба пешрафт дар ноилшавӣ ба Ҳадафҳои Рушди Устувор баррасӣ карданд.
Мусоҳибон ба масъалаи тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба захираҳои об диққати махсус зоҳир намуданд. Муовини дабири кулл ба Тоҷикистон барои ташаббусҳои байналмилалӣ ва нақши пешсафияш дар соҳаи дипломатияи об дар сатҳи ҷаҳонӣ изҳори сипос кард.
Ҷонибҳо ҳамчунин роҷеъ ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ, бахусус вазъи Афғонистон табодули назар намуданд. С.Муҳриддин ба самъи намояндаи воломақоми СММ мавқеи Тоҷикистонро оид ба вазъият дар Афғонистон расонид.
Дар навбати худ, Р.Дикарло нисбат ба арзёбиҳои ҷониби Тоҷикистон изҳори мувофиқат намуда, омодагии СММ ва ниҳодҳои онро барои расонидани кумак ва дастгирии ҳамаҷониба ба Тоҷикистон дар мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои амниятӣ тасдиқ кард.
Акс: ВКХ ҶТ








Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид






