ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

Сентябрь 13, 2022 08:10

ДУШАНБЕ, 13.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар ин бора дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.   Шамол аз самти ғарб  бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона  7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то  3 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Дар  баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол  аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати  4-9 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа гарм ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5+10 дараҷа гарм ва   рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳои  тағийрёбандаи бебориш дар назар аст. Чангу ғубор боқӣ мемонад.  Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо ҳаво шабона 14+19 дараҷа гарм ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 11+16 дараҷа дараҷа ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 14+16 дараҷа гарм ва  рӯзона 32+34  дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 11+14 ва рӯзона 32+34 дараҷа  гарм мешавад.

Сентябрь 13, 2022 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Остона ҷаласаи намояндагони аршади Саммити Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд 17 ихтисоси нав таъсис дода шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба кори иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ доир гардид
«ҲАФТКӮЛ». Ин мавзеи табиии Тоҷикистон маркази рушди сайёҳии экологӣ маҳсуб мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
3 август дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод нишасти матбуотӣ доир мегардад
31 июл дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар шаҳри Душанбе шумораи электробусҳо қариб ба 200 адад мерасад