Ғолибони мусобиқаи камонварӣ барои ҷоизаҳои Зебинисо Рустамова маълум гардиданд

Сентябрь 6, 2022 14:18

ДУШАНБЕ, 06.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 1-4 сентябр ба муносибати 31-солагии Истиқлолияти  давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ барои дарёфти ҷоизаҳои Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷоизадори Бозиҳои олимпии Монтреал-1976 Зебинисо Рустамова баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мусобиқа варзишгарон аз шаҳри Душанбе, вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон ширкат карданд.

Дар масофаи 50м+30м миёни бонувон Фотима Зулфиқорбекова аз Душанбе ғолиб шуд. Ҳамшаҳриаш Амина Хуршедзода ҷои дуюм, Томирис Раҳимова аз дастаи Суғд ҷои сеюмро сазовор шуданд. Дар ҳамин масофа миёни мардҳо Фаррух Қурбонов аз Душанбе ҷои аввалро гирифт. Намояндагони дастаи Суғд Бахтовар Каримов ва Муқимҷон Ҳайдаров ҷойҳои дуюму сеюмро ба даст оварданд.

Дар масофаи 60 метр ҷуфти омехта дугонаи Мадина Ҷӯраева/ Абдумалик Ғаниев ҷои аввал ва ҷуфти Азиза Юсупова/Дилшоди Бахтиёр ҷои дуюмро сазовор гардиданд.


Дар масофаи 70 метри даври олимпӣ миёни бонувон Фирӯза Зубайдова аз Душанбе пирӯз гардид. Мавзуна Азимова аз дастаи Суғд ҷои дуюм, Мадина Раҷабова аз Душанбе ҷои сеюмро гирифтанд. Дар ҳамин масофа миёни мардон ҳар се ҷои ифтихориро намояндагони вилояти Фарғона: Шоҳҷаҳон Абдулҳамидов- ҷои якум, Келдиёр Ҳасанов- ҷои дуюм ва Тигран Эсанов ҷои сеюмро сазовор шуданд.

Дар рақобати ҷуфти омехта дар масофаи 70 метр ҷуфти Фирӯза Зубайдова (Душанбе) / Келдиёр Ҳасанов (Фарғона) ҷои аввал, ҷуфти Мавзуна Азимова (Суғд) / Тигран Эсанов (Фарғона) ҷои дуюм, ҷуфти Мадина Раҷабова (Душанбе) / Шуҳрат Муҳаммадиев (Душанбе) ҷои сеюмро ба даст оварданд.

Акс: КМО Тоҷикистон

МАЪЛУМОТИ «ХОВАР»

Зебинисо Сангиновна Рустамова 29 январи соли 1955 таваллуд шудааст. Барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии Монтреал-1976, 4 карат чемпиони ҷаҳон дар ҳисоби инфиродӣ ва даставӣ (Интерлакен – 1975, Сеул – 1985, Сидней — 1987), барандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон (Австралия — 1977), чемпиони секаратаи Аврупо (Копенгаген – 1976, Измир – 1985, Париж — 1986), барандаи медали нуқраи Бозиҳои “Дӯстӣ” — Прага-1984, чемпиони 15-каратаи ИҶШС ва 20-каратаи Тоҷикистон, рекордгузори бисёркаратаи ҷаҳон, Аврупо, ИҶШС ва Тоҷикистон, варзишгари барҷастаи Тоҷикистон дар асри 20 мебошад.

Бо ордени “Нишони фахрӣ”, медалҳои “Барои меҳнати шоиста” ва “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” сарфароз гаштааст.

 

Сентябрь 6, 2022 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд