ҶОМИ ОСИЁ ОИД БА ФУТЗАЛ. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Узбекистон бо ҳам рақобат карданд

Сентябрь 30, 2022 08:32

ДУШАНБЕ, 30.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал дар гурӯҳи  «В» аз яке дастаҳои пурқуввати мусобиқа-тими миллии Узбекистон бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд. Футзалбозони мо дар қисми дуюми ин вохӯрӣ аз рақиб дида, хеле хуб бозӣ карданд ва якчанд имконияти голзанӣ ба вуҷуд оварданд, вале зарбаҳои футзалбозони тоҷик ба сутуни дарвоза бархӯрд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»  бо истинод ба  Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Голҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистонро   Файзалӣ Сардоров дар бозӣ бо дастаи мунтахаби  Узбекистон  ба нишон расонид. Баъди ду давр дастаи мунтахаби  Узбекистон бо касби шаш имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи «В» пешсаф аст. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон се имтиёз дорад.

Дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2022  1 октябр дастаи мунтахаби  Тоҷикистон бо дастаи миллии Туркманистон бозӣ мекунад. Вохӯрӣ соати 13:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. Барои ба даври чорякниҳоӣ баромадан дастаи моро дар ин вохӯрӣ ҳадди ақалл ҳисоби мусовӣ басанда аст.

Мавриди зикр аст, ки аз ин  пештар  футзалбозони бомаҳорати  тоҷик   27 сентябр дар даври аввали бозиҳои гурӯҳи «В» бар дастаи мунтахаби Баҳрайн бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуданд. Голҳои Умед Кузиев, Бахтиёр Солиев, Файзалӣ Сардоров ва Идрис Ёров ба дастаи мо се имтиёз оварданд.

Дар вохӯрии дигари гурӯҳи «В» дастаи мунтахаби Узбекистон бар  дастаи мунтахаби Туркманистон бо ҳисоби 8:0 зафар ёфт.

 

Ҷоми Осиё 2022 оид ба футзал

Гурӯҳи «В». Даври 2

ТОҶИКИСТОН – Узбекистон – 2:3

Голҳо: Элбек Тулкинов, 3 (0:1). Файзалӣ Сардоров, 4 (1:1). Ҳусниддин Нишонов, 6 (1:2). Анасхон Рахматов, 18 (1:3). Файзалӣ Сардоров, 37 (2:3).

29 сентябр. Кувайт. Маҷмааи варзишии «Саъд Ал-Абдулло».

Туркманистон – Баҳрайн – 4:4                                                                                                                

Акс: ФФТ

Сентябрь 30, 2022 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд