«ҶОМИ ПОЯГУЗОРОНИ САМБО». Акмалиддин Каримов дар ин мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби медали тилло гардид
ДУШАНБЕ, 12.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони тоҷик Акмалиддин Каримов дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми поягузорони самбо», ки 10-11 сентябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия баргузор шуд, дар риштаи самбои варзишӣ дар вазни 58кг медали тилло ба даст овард. Дар ин бора ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми поягузорони самбо» қаблан ба хотираи Анатолий Харлампиев доир мегашт. Дар мусобиқаи мазкур дастаи мунтахаби Тоҷикистон иборат аз 11 нафар варзишгар ширкат кард.
Акмалиддин Каримов дар самбои варзишӣ дар вазни -58кг, ки 16 иштироккунанда буд, дар финал Харун Тлишеви русиягиро мағлуб карда, сазовори медали тилло шуд.
Дар ҳисоби даставӣ оид ба самбои варзишӣ миёни мардон дастаи мунтахаби Тоҷикистон баъди дастаи мизбон – Русия, ки дар шаш вазни дигар ғолиб омад, мақоми дуюмро гирифт.
АКС: КМО Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






