ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар Ҷамоати шаҳраки Ҳисор коргоҳи «Шири покиза» ба фаъолият шурӯъ намуд
ҲИСОР, 11.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои таҷлили 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) бо иштироки Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар дар Ҷамоати шаҳраки Ҳисор коргоҳи навтаъсиси коркарди шир бо номи «Шири покиза», ки дар назди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бунафша» сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД.
Коргоҳи мазкур дар доираи Нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфта, дар он таҷҳизоту технологияҳои истеҳсоли кишварҳои Русияву Чин насб гардидаанд.
Ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва сердаромади содиротӣ, маҳсулоти воридотивазкунанда ва баҳри расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ-таъмини амнияти озуқавории мамлакат дар шаҳри Ҳисор давра ба давра шумораи корхонаву коргоҳҳои хурди саноатӣ зиёд гардида, дар дӯкону растаҳо фурӯши намунаҳои маҳсулоти истеҳсоли худӣ афзоиш меёбад.
Тибқи маълумоти масъулини ин корхона, бо дастрас гардидани миқдори зарурии шир иқтидори коргоҳ афзуда, дар оянда шумораи коргарон низ зиёд мегардад.
Коргоҳ ширро аз ҶДММ «50-солагии Октябр» дастрас намуда, дар ибтидо рӯзе то 200 литрро коркард карда, маҳсулоти хушсифати йогурт, ҷурғот, қаймоқ, сметана ва чакаро ба бозору мағозаҳои хӯрокворӣ ба фурӯш мебарорад.
Раиси шаҳр ба мушкилоти корхона, таъминот бо обу барқ таваҷҷуҳ зоҳир карда, омодагии мақомотро барои мусоидат изҳор дошт. Ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот, шумораи коргарон ва таъмини сифати маҳсулот, инчунин боло набурдани нархи он дар бозор ба роҳбари коргоҳ маслиҳату тавсияҳои судманд дод.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Дар ноҳияи Спитамен иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Ба татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд зиёда аз 40 миллиард сомонӣ равона гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд ба ифтихори ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатӣ
Дар Суғд яке аз нахустин лоиҳаҳои бузурги «энергетикаи сабз» – бунёди неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Ашт ба анҷом расонида шуд
Пешвои миллат: «Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Суғд 15 ҳазору 400 иншоот бунёд ва навсозӣ гардид»
Имрӯз дар Душанбе вохӯрии чоруми вазирони саноати СҲИ баргузор гардид






