Шермуҳаммад Шоҳиён: «Миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги худро бо ҳамин забон ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст»

Сентябрь 30, 2022 16:43

ДУШАНБЕ, 30.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Забони модарии мо донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи таърихи миллати тоҷик  ба ҳисоб меравад. Миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги худро бо ҳамин забон ифшо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст. Ин нуктаро имрӯз Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён зимни ҳамоиш бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ иброз намуд.

Ба гуфтаи Шермуҳаммад Шоҳиён, забони тоҷикӣ дар шумули қадимтарин забонҳои Хуросону Мовароуннаҳр меросбари забонҳои бостонии ориёист. Олимону донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд, ки дар таърихи тамаддуни башар тоҷикон ҳамчун халқи ориёинажод яке аз миллатҳои қадимтарин ва забони модарии мо, яъне забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои бостонии сайёра ба ҳисоб меравад.

Дар ҳамоиши идона роҳбарият, судяҳои Суди Олӣ, судҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки танҳо дар даврони истиқлолият забони модарии мо ба забони тавонои расмиву давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил ёфт. Он дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти сиёсӣ иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифта, оҳиста-оҳиста ба забони робитаҳои байналмилалӣ ва муошират миёни халқҳои сокини ҷумҳурӣ мубаддал гардид.

Тавре корманди дастгоҳи Суди шаҳри Душанбе Самандари Қаландар изҳор менамояд, забони давлатӣ ҳамчун унсур ва нишонаи асосии миллат дар тақвият ва таҳкими рушди пайванди байнифарҳангии ҷомеаи тоҷикон нақши арзишманд дошта, асоси муттаҳидӣ ва сарҷамъии тамоми сокинони кишвар ба ҳисоб меравад. «Бояд гуфт, ки забони давлатӣ дар асоси муқаррароти конститутсионӣ забони тоҷикӣ эътироф карда шуда, забони расмӣ-коргузорӣ дониста мешавад, ки дар фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, судӣ, ҳамзамон дар соҳаи илм, маориф, фарҳанг ва дигар соҳаҳои иртиботӣ нақши калидӣ дорад. То ба имрӯз забони тоҷикӣ ба пешрафтҳои басо бузурге ноил гардидааст, ки заминаҳои он, пеш аз ҳама, бо татбиқи пайваста ва пайгиронаи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба забони давлатӣ муҳайё гардид ва забони тоҷикӣ мақоми забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифт»,-афзуд ӯ.

Бояд зикр намуд, ки дар айни замон баҳри рушд ва дар амал дуруст истифода бурдани забони давлатӣ дар кишвар «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» қабул гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021 «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобатии он» тасдиқ карда шудааст.

Дар ҳамоиш аз кормандони мақомоти судӣ даъват ба амал оварда шуд, ки барои устувор гардонидани забони давлатӣ мунтазам саъю талош намуда, коргузорӣ ва мурофиаҳоро дар сатҳи баланди ташкиливу тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ба роҳ монанд.

Зикр гардид, ки таърихи ҷамъият бо забон алоқаи ногусастанӣ дошта, ҷамъият бе забон ва забон бе ҷамъият арзи вуҷуд карда наметавонад. Аз ин рӯ, муайян кардани вазъи забон дар ҳар давраи таърихӣ дар таҳқиқи таърихи халқ аҳамияти калон дорад.

Раиси Суди олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён дар охири маҷлиси тантанавӣ дастур дод, ки асари безаволи «Забони миллат-ҳастии миллат»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мавриди омӯзиши амиқ қарор диҳанд. Забони давлатиро азиз доранду дар ҳифзи асолати фарҳангӣ ва забони миллӣ саъю талош намуда, нагузоранд, ки забони давлатӣ дар раванди ҷаҳонишавии муосир зери таъсири манфӣ қарор бигирад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 30, 2022 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Дар Душанбе дар ин мавзуъ Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди Қасри бостонии Ҳулбук корҳои ободкорию сабзгардонӣ идома доранд
Эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар сокини ҷумҳурӣ аст
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ давраи омузишӣ баргузор шуд
ТОҶИКОН — МЕРОСБАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Иқдоми Тоҷикистон дар самти ҳифзу арҷгузорӣ ба тамаддуни ориёӣ саривақтӣ ва муҳим аст
Сокинони шаҳри Исфара соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд
Дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе маркази омӯзиши забони чинӣ таъсис дода мешавад
БОРБАД — АСОСГУЗОРИ МУСИҚИИ ШАРҚ. Хунёгаре, ки назирашро таърихи башар ёд надорад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мегарданд
Масъалаи дастрасӣ ба оби нӯшокии устувор бо намояндагони ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Академик Фарҳод Раҳимӣ: «Бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе аҳамияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ дорад»
Дар Академияи миллии илмҳо нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд