Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви МҲТБО иштирок намуд

Сентябрь 22, 2022 10:56

ДУШАНБЕ, 22.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябр дар ҳошияи Ҳафтаи сатҳи баланди иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ дар шаҳри Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар вохӯрии ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. 

Ширкаткунандагони ҳамоиш атрофи масъалаҳои марбут ба рушди иқтидори ниҳодии МҲТБО, табдилёбии он ба созмони байналмилалӣ, ҳамчунин атрофи масоили рушди ҳамгироӣ дар чаҳорчӯби МҲТБО мубодилаи афкор намуданд.

С. Муҳриддин дар баробари ташаббусҳои дигари ҷаҳонии кишвар аз пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди эълон намудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар назди Созмони Милали Муттаҳид сухан кард.

Ёдовар мешавем, ки 15 июни соли 2019 дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Барои иштирок дар кори ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва намояндагони воломақоми кишварҳои иштирокчӣ — Тоҷикистон, Озарбойҷон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Шоҳигарии Баҳрайн, Ҷумҳурии Халқии Бангладеш, Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам, Ҷумҳурии Арабии Миср,  Ҷумҳурии Ҳиндустон, Шоҳигарии Ҳошимии Урдун, Ҷумҳурии Ироқ, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Давлати Қатар, Шоҳигарии Камбоҷа, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Қирғизистон, Муғулистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Давлати Фаластин, Федератсияи Россия, Шоҳигарии Таиланд, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка, роҳбарону намояндагони давлатҳои нозир — Ҷумҳурии Индонезия, Ҷумҳурии Филиппин, Ҷумҳурии Беларус, Украина, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Япония, роҳбарони ташкилоту созмонҳои байналамилалии нозир ва шарик — Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони байналмилалии муҳоҷират, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Ассамблеяи парламентии кишварҳои туркзабон, Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва меҳмони ҳамоиш — Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар “Кохи Наврӯз” ба ҳам омаданд.

Баъд аз анҷоми кори ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё аз ҷониби иштирокчиён “Эъломияи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё” қабул карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё — МҲТБО анҷумани байнидавлатӣ ва созмони минтақавиест, ки соли 1992 бо дастгирии СММ таъсис ёфтааст.

Баррасии масоили амният ва ҳамкорӣ дар қитъаи Осиё ва саҳмгузорӣ дар ҷараёни ҷаҳонии мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ аз ҳадафҳои асосии ин ҳамоиш аст.

Мақомоти олии қабули қарор ҳамоиши нишасти сарони кишварҳо ва ҳукуматҳои аъзо буда, он дар чор сол як маротиба баргузор мегардад.

Роҳбарӣ дар Машварати ҳамкорӣ  ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё тирамоҳи соли 2018 аз Чин ба Тоҷикистон гузашт. Соли 2019 роҳбарӣ дар Машварати ҳамкорӣ  ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё аз Тоҷикистон ба Қазоқистон гузашт.

Акс: ВКХ ҶТ

Сентябрь 22, 2022 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Женева тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Маркази байналмилалии савдо баррасӣ гардид
Тоҷикистон бо Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд оид ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат табодули афкор намуд
Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири Тоҷикистон ҷаласаи дуюми Кумитаи тадорукоти Конфронси сеюми оби Душанбе баргузор гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Тоҷикистон барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии Туркия низоми раводид ҷорӣ намуд
Дар Тошканд вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Тоҷикистон ва Олмон робитаҳои мустақим байни соҳибкорони Душанбе ва Ройтлингенро муҳим арзёбӣ намуданд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Беларус баргузор мегардад
Сироҷиддин Муҳриддин ва Мурат Нуртлеу раванди омодагӣ ба саммитҳои сатҳи баландро баррасӣ намуданд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Вохӯрии ҳафтуми вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Русия иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор доданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми сафари давлатӣ ба Озарбойҷон мераванд