Соҳибкорони Истаравшан ба сокинони зарардидаи наздисарҳадӣ кумак намуданд
ДУШАНБЕ, 26.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Cоҳибкорони шаҳри Истаравшан ба 80 оилаи аз ҳодисаҳои охири сарҳадӣ зарардида кумак намуданд. Кумаки мазкур аз орд, равған, картошка, пиёз, сабзӣ, макарон, шакар, қанди сафед ва тухм иборат мебошад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як зумра соҳибкорони шаҳри Истаравшан, ки ба савдои меваи хушк машғуланд ва бо соҳибкорони шаҳри Исфара ҳамкорӣ доранд, барои 80 оилаи аз ҳодисаҳои охири сарҳадӣ зарардида, аз ҷумла барои 16 оила аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 64 оила аз шаҳри Исфара маҳсулоти хӯрокворӣ ирсол карданд.
Иқдоми соҳибкорони шаҳри Истаравшан минбаъд аз ҷониби дигар шахсони саховатманду хайрхоҳи шаҳр идома дода мешавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд








АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид






