ТАСС: Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон итминон дорад, ки афроди дар назди сафорати Русия дар Кобул ҳамлаи террористӣ анҷомдодаро пайдо мекунанд
ДУШАНБЕ, 06.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нафароне, ки рӯзи душанбе дар назди сафорати Федератсияи Русия дар Кобул ҳамлаи террористӣ анҷом доданд, пайдо ва муҷозот хоҳанд шуд. Дар ин бора Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 5 сентябр қабл аз мулоқот бо ҳамтои русаш Сергей Лавров дар Москва изҳори итминон намуд, хабар медиҳад ТАСС.
«Итминон дорам, неруҳое, ки ин таркишро ташкил кардаанд, дар ояндаи наздик пайдо мешаванд ва ҳадди ақалл мо дастҷамъона, агар ба мо муяссар гардад, тадбир меандешем», — гуфт ӯ.
Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин ба Сергей Лавров дар робита ба марги кормандони сафорати Русия дар Афғонистон изҳори таслият намуд.
Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Русия хабар дод, ки рӯзи душанбе дар наздикии даромадгоҳи шуъбаи консулгарии сафорати Русия дар Кобул ҷангҷӯи номаълум таҷҳизоти тарканда ба кор андохтааст. Дар натиҷаи таркиш ду корманди намояндагии дипломатӣ ҳалок шуда, шаҳрвандони Афғонистон низ маҷрӯҳ гардидаанд.








Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид






