Тоҷикистон ва Узбекистон ҷиҳати омода намудани мутахассисони сатҳи баланд Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд
ДУШАНБЕ, 26.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Миёни Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва дигар донишгоҳҳои кишвар бо Академияи меҳнат ва муносибатҳои иҷтимоии назди Федератсияи иттифоқҳои касабаи Узбекистон дар муддати наздиктарин барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҷиҳати омода намудани мутахассисони сатҳи баланд дар бахшҳои баҳри тарафҳо манфиатбахш Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо Ректори Академияи меҳнат ва муносибатҳои иҷтимоии назди Федератсияи иттифоқҳои касабаи Узбекистон Сайфулло Ахмедов мулоқот намуд.
Зимни мулоқот Ректори Академияи навтаъсис иброз дошт, ки муассисаи олии таълимӣ бо мусоидати Президенти Ҷумҳурии Узбекистон аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи Узбекистон ташкил шуда, дар Осиёи марказӣ нахустин ба шумор меравад.
Дар бахшҳои Академияи меҳнат ва муносибатҳои иҷтимоии Ҷумҳурии Узбекистон тамоми самтҳои муносибатҳои меҳнатӣ ба донишҷӯён дар муддати чор сол омӯзонида мешаванд.
Акс: ФИКМТ








МАВСИМИ ОББОЗӢ ФАРО МЕРАСАД. Қоидаҳои шиновариро риоя кунед!
Гиромидошти хотираи неки фарзандони фидокор ва сарсупурдаи миллат ҷузъи сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон аст
«МАН ЧӢ ГӮЯМ ВАСФИ ИН ОЛИҶАНОБ…». Андешае дар ҳошияи ташаббуси наҷиби Пешвои миллат оид ба эҳёи хотираи таърихӣ ва бозгашти хоки рамзии фарзандони бузурги тоҷик ба оғӯши Ватан
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Форуми байналмилалии «Занон ва об» баргузор мешавад
Дар шаҳри Кӯлоб маросими супоридани хок аз қабри Николай Томин ба ҳайати Федератсияи Русия баргузор гардид
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар шакли китоби алоҳида муназзам гардонида шуданд
Аз зиндагӣ ва корномаи фарзандони номдори миллат — Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад
Маросими ҷаноза ва дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе гузоштани қисмате аз хоки гӯри шахсиятҳои таърихиву ҷонфидои миллат
Беш аз 21 ҳазор ҷавонон дар баланд бардоштани маърифати санитарии аҳолии Тоҷикистон саҳм мегузоранд
Форуми байналмилалии малакаҳои Тоҷикистон–2026 доир мегардад
Дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон байни муҳоҷирони меҳнатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд






