«ТОҶИКИСТОНИ БИҲИШТОСОРО БАРОБАРИ ҶОНИ ХУД ДӮСТ ДОРЕМ!». Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷикро ба муттаҳидиву сарҷамъӣ даъват намуданд
ДУШАНБЕ, 08.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми шодбошӣ ба муносибати 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ мардуми Тоҷикистонро ба муттаҳидиву сарҷамъӣ ва ҳифзи боэътимоди дастовардҳои то имрӯз ноилшуда даъват намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
«Дар лаҳзаҳои пурифтихори ҷашни мубораки Истиқлолияти давлатӣ ба ёд овардани роҳи пуршарафи тайкардаи халқамон, зикри дастовардҳои бунёдии давлат ва мардуми Тоҷикистон ба он хотир аст, ки мо бояд минбаъд низ муттаҳиду сарҷамъ бошем ва ҳифзи боэътимоди дастовардҳои то имрӯз ноилшудаамонро таъмин намоем», — тазаккур доданд Пешвои миллат.
Зеро, ба таъкиди Президенти мамлакат, шиддатёбии бархӯрди манфиатҳои геополитикӣ дар дунёи имрӯза, вазъи нобасомони иқтисоди ҷаҳонӣ, норасоии шадиди озуқаворӣ, баланд гардидани нархи маҳсулоти ғизоӣ дар саросари сайёра, инчунин яроқнокшавии бошитоб ва оғози дигарбораи «ҷанги сард», мушкилоти вобаста ба тағйирёбии иқлим ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ моро водор менамояд, ки дар татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ, пеш аз ҳама, ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ва иҷрои нақшаву вазифаҳои дар наздамон қарордошта ҳарчи бештар ва фаъолона саҳм гузорем.
«Дар вазъияти печидаву ноороми ҷаҳони муосир ҳар шаҳрванди огоҳи Тоҷикистон бояд дарк намояд, ки аз баракати истиқлолу соҳибихтиёрӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мо ба чӣ неъмати бузурге муяссар шудаем, — иброз доштанд Сарвари давлат. — Яъне ҳар фарди бонангу номуси Ватанро зарур аст, ки бо дарки амиқи қадру манзалат ва аҳаммияти истиқлолу озодӣ ва бо заҳмати софдилонаву саъю талоши ватандӯстона ҷиҳати ободии сарзамини аҷдодиамон, таҳкими иқтидори иқтисодии давлати соҳибихтиёрамон ва парафшонии ҷовидонаи парчами миллӣ саъю талош намояд».
Пешвои миллат дар идома зикр карданд, ки қадру қимати Ватани азизи худ – Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоламонро донем ва фаромӯш насозем, ки танҳо бо доштани давлати мустақил дар ҷомеаи башарӣ мавқеи сазовор дошта метавонем.
Тазаккур дода шуд, ки дар баробари дастовардҳои бузургу тақдирсоз, ҳанӯз масъалаву мушкилоти ҳалталаб низ вуҷуд доранд, ки ҳамаи онҳоро худамон, бо иттиҳоду сарҷамъӣ ва заҳмати созандаву содиқона ва бо шукронаи сулҳу оромӣ, Ватани озод ва давлати соҳибистиқлоламон ҳал менамоем.
«Ба ҳамватанони азизам муроҷиат карда, таъкид менамоям, ки мо бояд Ватани худ – Тоҷикистони биҳиштосоро баробари ҷони худ дӯст дорем, зеро ҳар ваҷаб замини муқаддасу зархез ва чашмасору обшорони мусаффои он манбаи ризқу рӯзӣ ва хайру баракати хонадони мо, кӯҳҳои сарбафалаккашидаи он пушту паноҳ ва мояи сарбаландии мо ва номи неки ин Ватан рамзи сарфарозӣ ва рӯйи сурхи мо мебошад, — изҳор доштанд Сарвари давлат. — Мо — фарзандони Тоҷикистон ҳама якҷо бо заҳмати аҳлонаи худ ин Ватан ва ин сарзамини аҷдодиро обод месозем, давлати соҳибихтиёрамонро пешрафта мегардонем ва ҷойгоҳу обрӯи онро дар арсаи ҷаҳон боз ҳам баланд мебардорем».
Ёдовар мешавем, ки Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ҳамасола 9 сентябр дар саросари Тоҷикистон бо баргузории ҳамоишу барномаҳои фарҳангию фароғатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








Собиқадори хизмати давлатӣ Тоҳир Рашид: «Обод намудани Ватан ибодат ва аз гӯшаи имон аст»
Модели Тоҷикистони навин — самараи таълимоти ҳуқуқии Пешвои миллат
РУШДИ ПАРАНДАПАРВАРӢ. Дар корхонаи «Тухми Соф»-и Истаравшан беш аз 80 ҳазор сар паранда парвариш карда мешавад
Дар Тоҷикистон фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ тавассути рушди шаклҳои алтернативӣ зиёд мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 106,7 фоизи корҳои созандагӣ бахшида ба ҷашни миллии Тоҷикистон таъмин гардидааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаҳои саноатӣ ба истифода дода мешаванд
Дар Осорхонаи миллӣ намоиши «Абдулло Ашуров — устоди мактаби мусаввирии тоҷик» ифтитоҳ ёфт
Нақши Пешвои миллат дар рушд ва эҳёи арзишҳои фарҳанги миллӣ
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Дар деҳаҳои Қалъаи нав, Ҷавонӣ ва Чормағзи шаҳри Роғун се кӯдакистон ба истифода дода шуд
«ҲАР ОН КАС, КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД…». Дар Тоҷикобод даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир гардид






