«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар Ҳисор ба истиқболи Рӯзи забони давлатӣ маҳфил баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 16.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни хонандагони синфҳои 10-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Забони миллат – ҳастии миллат» баргузор мегардад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор.
Маҳфил-озмун бо ташабусси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор баргузор шуда, Лоиҳаи ангораи маҳфил-озмуни «Забони миллат – ҳастии миллат» дар маҷлиси нахустини Кумитаи тадорукот тасдиқ карда шуд.
Маҳфил-озмуни «Забони миллат – ҳастии миллат» бо мақсади таҳкими арзишҳои маънавию фарҳангӣ, бедор намудани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ миёни ҷавонон, талқини ҷавонон барои сухан гуфтан бо забони ноби адабии тоҷикӣ, муаррифии забони тоҷикӣ ба ҷаҳониён ҳамчун забони қадимии олам ва эҳё намудани арзишҳои неки ниёгон мебошад.
Тибқи низомнома, маҳфил-озмун аз се шарти зерин иборат аст: қироати ифоданоки ғазал, ҳар иштирокчии маҳфил-озмун доир ба моҳияти таърихии китоби «Забони миллат-ҳастии миллат»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад мекунад, маҳорату истеъдоди иштирокчиёни озмун аз рӯйи нақли осор ва маълумоти мухтасар дар бораи таърихи забони тоҷикӣ муайян карда мешавад ва сипас аз ҷониби ҳакамон ба иштирокчӣ аз китоби «Забони миллат-ҳастии миллат» саволҳо пешниҳод карда мешаванд. Ҳайати ҳакамон метавонанд барои беҳтар муайян намудани дониши иштирокчӣ саволҳои иловагӣ пешниҳод намоянд.
Маҳфил-озмуни «Забони миллат – ҳастии миллат» дар ду давр: даври якум дар доираи муассисаҳои таълимӣ аз 22 то 30 сентябри соли 2022 гузаронида шуда, ташкилкунандаи маҳфил-озмун ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои заруриро барои иштирок дар маҳфил-озмун ба роҳ мемонад ва аз миёни довталабон ғолибони ҷойи якумро барои иштирок дар даври дуюм пешниҳод менамояд. Даври дуюми маҳфил-озмун барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври якум 4 октябри соли 2022 баргузор мешавад.
Ғолибон бо туҳфаҳо ва сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор ва шуъбаи маорифи шаҳр қадршиносӣ карда мешаванд.
АКС: Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор








Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат






