«30 СОЛИ СОЗАНДАГӢ БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ташаббускорони иқдоми ҷумҳуриявии «Албом-Эстафета» ба ноҳияи Ишкошим расиданд
ДУШАНБЕ, 12.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «30 соли созандагӣ бо Пешвои миллат» дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иқдоми ҷумҳуриявии «Албом-Эстафета» баргузор гардида истодааст, ки дирӯз ташаббускорони он ба ноҳияи Ишкошим расиданд.
Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим хабар медиҳад.
«Албом-Эстафета» аз ҷониби Раиси КИ ҲХДТ-и ВМКБ Зунайда Раҷабова ва Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ Соҳибҷон Имомназаров ба Раиси ноҳияи Ишкошим Мусо Мирзозода тақдим карда шуд.
Ҳамчунин меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши китоб боздид ба амал оварданд.



Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷамъомади тантанавӣ доир шуд. Зимни он як гурӯҳ аъзои ҳизб барои фаъолияти пурсамари меҳнатӣ бо ифтихорномаи раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ишкошим қадрдонӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки аксияи ҷумҳуриявии «Албом-Эстафета» таҳти унвони «30 соли созандагӣ бо Пешвои миллат» ҷиҳати тарғибу ташвиқи аҳамияти Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар ташаккули давлатдории миллӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихиву беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон бо ташаббуси Кумитаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.
Акс: МИҲД Ишкошим








Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд






