35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То ин ҷашни миллӣ дар шаҳри Норак 20 корхонаи саноатӣ сохта мешаванд

Октябрь 25, 2022 10:06

ДУШАНБЕ, 25.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. То ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак 180 иншооти дорои аҳамияти иқтисодиву ҷамъиятӣ бунёду навсозӣ мегардад. Аз ҷумла, сохтмони 8 бинои маъмурӣ, 8 муассисаи таълимӣ, 6 табобатӣ, 5 варзишӣ, 2 фарҳангӣ, 20 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ва 131 иншооти хизматрасониву маишӣ, истиқоматӣ, кишоварзӣ, фароғатӣ ва савдо ба нақша гирифта шудааст, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак.

«То имрӯз дар 120 иншооти гуногун корҳои сохтмонию навсозӣ оғоз ёфта, аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ 14 иншоот, як корхонаи истеҳсоли қуму шағал, хатти оби нӯшокӣ ба дарозии 2,5 километр, Муассисаи томактабии № 9 дар маҳаллаи Тутқавули деҳоти Пули Сангин, ки аз соли 1990 то инҷониб фаъолият намекард, навсозӣ шуда, мавриди истифода қарор гирифт. Аз тарафи соҳибкорон Муҳиддин Табаров ва Ҷамшед Раҳимов сохтмони ду меҳмонхона ба анҷом расида, корҳои ободонии гирду атрофи онҳо идома доранд. Навсозии кӯли ҷавонон, боғи фарҳангию фароғатии шаҳр, терминали хизматрасонии «Бурс», сохтмони пули мошингузар дар маҳаллаи Даҳана, бозор дар минтақаи манзилии № 4, майдони варзишии марказӣ барои 10 000 ҷойи нишаст, майдончаи варзиш дар маҳаллаи Сари Боло, панҷ бинои 4-ошёна дар маҳаллаи Дуконӣ, бинои кинотеатри «Вахш», бинои 6-ошёна дар минтақаи манзилии № 2, бинои 7-ошёна, дар доираи лоиҳаи беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак ва муассисаи томактабӣ дар қисми ҳарбии 52168 оғоз гардида, босуръат идома дорад», — афзуд манбаъ.

Тибқи маълумоти оморӣ, ҳоло дар ҳудуди шаҳр 17 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ дар нуҳ моҳи соли 2022 ба 1 миллиарду 280 миллион сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 61 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Тибқи иттилои масъулини бахши меъморӣ, то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ корхонаҳои истеҳсоли қуму шағал, хишти пухта, микросемент, сангҳои ороишӣ ва гипсокартон, коргоҳи истеҳсолии шарбати анору басту банди он, коргоҳи дӯзандагӣ ва васли марҳилаи сеюми коргоҳи истеҳсоли таҷҳизоти металлӣ дар корхонаи гидромехсаноати ҶСК «Тоҷикгидромантаж» дар шаҳри Норак сохта ба истифода дода мешаванд.Баробари бунёди ин корхонаҳои саноатӣ садҳо нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Мавриди ёдоварист, ки дар шаҳри Норак ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ 206 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ бунёду навсозӣ гардид.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: манбаъҳои боз

Октябрь 25, 2022 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Таҳти ин унвон Озмуни ҷумҳуриявии «Мақолаи беҳтарин» баргузор мегардад
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд