ҲАДИСИ МУСАВВАР. Дар «Кохи Сомон» дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд намоишгоҳ баргузор гардид

Октябрь 20, 2022 08:21

ДУШАНБЕ, 20.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 18-19 октябр дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» дар Маҷмааи «Кохи Сомон» барои меҳмонон намоишгоҳ баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар намоишгоҳи мазкур сохторҳои дахлдори давлатӣ ва ниҳодҳои байналмилаливу минтақавӣ фаъолияту дастовардҳои худро дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба терроризм ва таъмини амнияти сарҳадӣ муаррифӣ намуданд.

Гӯшаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон  бо маводи нишастҳои қаблии сатҳи баланд дар доираи Раванди Душанбе, китобу нигораҳо, аксҳо ва дигар лавозимоти қобили таваҷҷуҳ ороиш дода шуд. Ҳамчунин аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва табиии кишвар сабти видеоӣ пахш гардид.

АКС: ВКХ ҶТ/АМИТ «Ховар»

Октябрь 20, 2022 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад