Ҳайати БОР аз иншооти гумрукии Тоҷикистон боздид намуд

Октябрь 14, 2022 12:26

ДУШАНБЕ, 14.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади татбиқи лоиҳаҳои ҷорӣ ва кумаки техникӣ, инчунин лоиҳаҳои эҳтимолӣ   дар   Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода, Роҳбари департаменти нақлиёт ва коммуникатсияи Бонки Осиёии Рушд (БОР)  Хидеаки Ивасаки ва сармутахассис оид ба нақлиёти БОР Олег Самухин машварат баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, Хуршед Каримзода зикр намуд, ки БОР яке аз шарикони асосии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, маҷмӯи умумии сармоягузории он беш аз 2,2 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин дар вохурӣ лоиҳаҳое, ки бо маблағгузории БОР дар соҳаи гумрук амалӣ гардидаанд, мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Яке аз лоиҳаҳои муҳим- ин Лоиҳаи «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба беҳтар намудани хадамоти наздисарҳадӣ»  мебошад, ки соли 2021 анҷом ёфт.


Дар натиҷаи татбиқи лоиҳа  таҷдиди Дидбонгоҳи гумрукии «Гулистон» дар шаҳри Исфара ва таъсиси «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ» ба роҳ монда шуд, ки барои   Тоҷикистон ислоҳоти муҳим арзёбӣ мегардад.

Аз ҷониби Хадамоти гумрук тариқи рӯнамо маълумот оид ба соҳаҳои афзалиятноки гумрук ҷиҳати ҷалби сармоя ва навсозии ин мақомот ба ҳозирин пешниҳод гардид.

Хидеаки Ивасаки гуфт, ки БОР барои дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти гумрукӣ омодагӣ мебинад. Инчунин ҳайати БОР аз Дидбонгоҳи гумрукии «Дӯстӣ»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода ва КВД «Маркази Равзанаи ягона»-и назди Хадамоти гумрук боздид намуд. Зимни вохӯрӣ роҳбари ҳайат таассуроти мусбаи худро аз ин  иншооти гумрукӣ, бахусус фаъолияти самараноки равзанаи ягонаи миллӣ сарфи назар аз мураккабии татбиқи ин низом иброз дошт. Дар ҷамъбаст Хидеаки Ивасаки лоиҳаҳоеро, ки дар соҳаи гумрук амалӣ шудаанд, баҳри рушди тиҷорат ва дар маҷмӯъ иқтисодиёти кишвар муҳим арзёбӣ намуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ Хуршед Каримзода ба намояндагони БОР барои сармоягузории он дар рушди мақомоти гумрук миннатдорӣ баён карда, ҷиҳати тақвияти ҳамкории мутақобилан судманд дар татбиқи лоиҳаҳои муштараки минбаъда изҳори итминон намуд.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 14, 2022 12:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид
Дар Палатаи ҳисоб оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия машварат баргузор шуд
Дар Душанбе Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид
Татбиқи лоиҳаҳои Бонки исломии рушд дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОН! Набудани бимаи суғурта ва корти ташхиси техникӣ минбаъд тавассути дурбинҳо сабт карда мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар самти рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Масато Канда: «БОР 1,1 миллиард доллари ИМА-ро ба татбиқи Стратегияи нави шарикӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ҷалб менамояд»
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид
Татбиқи «Стратегияи Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2026–2030» оғоз мегардад