ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРӢ АЗ ТОҶИКИСТОН. 58 нафар соҳиби раводиди Ҷумҳурии Корея барои кори мавсимӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 10.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 58 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои кори мавсимӣ дар самти кишоварзӣ соҳиби раводиди Ҷумҳурии Корея гардиданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат.
Тавре ба АМИТ «Ховар» Директори Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ»-и Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат Диёр Норматов иброз намуд, имрӯз дар доираи шартномаи баимзорасида миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ба шаҳри Хампёнги музофоти Ҷоланамдо 23 нафар мутахассисони соҳаи кишоварзии тоҷик ба кори мавсимӣ сафарбар гардиданд.
Диёр Норматов зикр намуд, ки қабули шаҳрвандон барои сафар охири моҳи майи имсол шурӯъ гардида буд. Аз 78 нафари номнависшуда мувофиқи талаботи корфармои кореягӣ 58 нафар соҳиби раводид шуда, тибқи нақша 23 нафар шаҳрвандон имрӯз ва 35 нафар 16 октябр тавассути хатсайри Тошканд – Сеул ба Ҷумҳурии Корея ба кор мераванд. Ин нафарон тибқи талаботи корфармо 30- сола мебошанд. Тамоми ҳуҷҷатгузорӣ дар марказ сурат гирифта, танҳо ҳар моҳ аз ҳисоби коргар 20 фоиз гирифта мешавад. Хароҷоти роҳ аз ҳисоби коргар масраф мегардад.
«Дар Ҷумҳурии Корея коргарон аз ҷониби корфармо бо се вақт хӯрок ва ҷойи хоб таъмин карда мешаванд. Як соати корӣ 8 доллар муайян гардида, муҳлати шартномаи меҳнатӣ панҷ моҳ мебошад. Пас аз панҷ моҳ муҳоҷирони меҳнатӣ бояд ба ватан баргарданд»,- гуфт ӯ.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду соли охир ҷиҳати гуногунсамтии муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамкориро бо кишварҳои ба қувваи корӣ эҳтиёҷманд ба роҳ мондааст. Дар айни замон якчанд лоиҳаи созишномаҳо дар баррасии тарафҳо қарор доранд.
Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ»-и Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат давоми соли равон 500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои кори мавсимӣ ба Британияи Кабир низ сафарбар мегарданд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ








«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд






